Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Чун Гулгун ба ҷону ҳолаш нагузошт, Ох фармуд:
— Он сўйи рўд мазори муқаддас ҳаст. Ман шаборўз саҷда мекардам ба он, имон меовардам. Рўҳи бузургон мадад кард, ба мартаба расидам.
— Ох, бигўй, ки бо мадади эшон падарат кушта шуд?
Чун Ох нигарони чунин суол набуд, карахт монд ва надонист чӣ посух бидиҳад. Парешон ва осемасар шуд!
— ...Ман аз эшон талаб накарда будам, ки падари маро кушанд.
Ту худ медонӣ: падарамро чунон куштанд, ки ҳатто ҷондоронаш огоҳ нагаштанд... Аз рўйи шунидам дўстони ту ин корро карда.
— Ман, ки дўсту душманро ҳанўз фарқ намекунам, Ох. Надонам, ки ҳастанд ё на.
— Хастанд.
— Ту донӣ?
— Бале!
— Ва дўсту душмани хешро низ донӣ?
Охро бори дигар мот кард Гулгун. Дергоҳ ба фикр фурў рафт шоҳи ҷавон, ки сабаби бозпурсиҳойи зани зебояш чӣ бошад: «оё дар набуданам касе аз сирру савдо огоҳаш карда?»
— На... надонам. Гумон мекунам, дўст кам дорам, душман зиёд.
— Зеро ҳама дўстонатро куштанд, бародаронатро...
— Чаро аз ин боб сухан мегўйӣ, Гулгун?
— Ҳама гуна неку бадро дар дил медоштам. Ғаму ғусса кора кард. Ба қароре омадам, ки кушодарўву кушодагў шавам, то ғуссамарг нагардам.
— Ва кӣ гуфт ба ту қиссайи марги бародаронро?
— Оби чашми мойиндарони ту.
Андаруни Охи сабуксар дамид чизе ва бардораш дод. Дам карду сурх шуд. Ситезид фикран, то нобуд созад зани нозанинашро, ки суханони ў оддиву ҳавойӣ наянд, балки фармуда ва ҳадафгиранд.
— Боз чӣ гуфтанд? – гўё ҳарфҳойи Гулгун таъсире накарда бошанд, фармуд шоҳ.
— Кӣ?
— Онҳое, ки марги бародарони маро ба ту гуфтанд.
— Ман бо касе ҳамсухан нашудаам, Ох, аз сиришки модарон дарёфтам.
— Онҳо, ки туро дўст надоранд, чӣ гуна пеши ту сиришк кунанд?
— Ғалат мекунӣ, Ох. Онҳо замоне маро дўст надоштанд, ки падари ту шоҳ буд, танҳо як рўз. Баъд ба марги ў қадами маро номуборак донистанд. Чун ту маро хостӣ, ҳама фарзандам хонданд ва ҳоло дўст доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор