Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар сабаби аввал рўзгор ва набарду лашкаркашиҳойи Искандари Мақдунӣ ва бузургийи ў буд, сабаби дигар таҳрифан ва саҳван ба номи ин шоҳзода часпонидани лақаби Зулқарнайн бувад; се дигар аз рўйи хатоҳо ва тафсири нодурусти баъзе ояҳойи «Қуръон» ба ў додани унвони пайғамбарист. Ман аз рўҳи поки бузургони адабиёти форс: ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Низомӣ, Бинойӣ, Ҷомӣ ва дигарон, ки Искандари сониро пур ситойиш кардаанд, омурзиши гуноҳи хешро мепурсам. Шояд баройи эшон дар он замонҳо зарурате буд, ки чунин як шоҳи «одилу назаркарда»-ро тасвир намоянд, чунон ки имрўз ногузир аст. Ва шояд ҳамин зарурат буд, ки дар китоби «Қасасул-анбиё» дар радифи номи пайғамбарон исми Искандар зикр шудааст. Вале пайғамбари туфайлӣ. Каромоте надорад ва мўъҷизае нишон надодааст. Инчунин дар асарҳойи торихӣ ва тадқиқотийи илмӣ аз пайғамбарийи Искандари Мақдунӣ ишорае набувад. Ба вижа дар асарҳое, ки дар замони лашкаркаш навишта шудаанд ва ё ҳамрикобу ҳамқадамони ў навиштаанд. Дар навиштаҳойи
1 олим ва таърихнигори австриёйӣ Шахермайр, академики ховар-
2 шинос Бобоҷон Ғафуров ва Сибукидис чунин ишораеро дучор наомадем.
Сухан аз боби Зулқарнайн бувад. Ҳама печидагиҳо аз ин лақаб бошад; аз душоха будани кас, ки баҳсу талошҳойи зиёдеро ба миён оварда. Искандарро аз он Зулқарнайн хонанд, ки гўё ду самт
– Мағрибу Машриқро тасхир карда буд. Дигар ривоят он аст, ки
3 «ду тарафи пешонийи ў баланд ва баромада буд». Ривоят ривоят аст, ҳақиқат дигар:
1 — Касе, ки дар борайи ў аз ҳазрати расул пурсишҳое шудааст, қаблан ба Зулқарнайн маъруф буда, яъне ин ном ё лақабро «Қуръон» ба ў надода; касоне, ки пурсидаанд, худи ин ном ё лақабро бар ў ниҳодаанд. Аз ин ҷост, ки дар Қуръон меояд:
«Вайсулмунака ан Зулқарнайн». Яъне, аз ту дар борайи Зулқарнайн мепурсанд.
Пайдост, ки пурсандагон ўро Зулқарнайн номидаанд, вале рўшан нест, ки ў кист: Искандар аст ё каси дигар? Чун ба асари тадқиқгар ва тафсилгари «Қуръон»-и маҷид мавлоно Абулкаломи Озоди ҳиндӣ «Куруши Кабир» рў меорем, хоҳем дарёфт, ки Зулқарнайн кист: «Вақте ки аҳволи Курушро баррасӣ мекунем, мебинем, ки ҷузъиёти зиндагийи ў бо ҳаёти Зулқарнайни «Қуръон»
мутобиқ аст. Зиндагийи Куруш дар муҳите, ки ҳаводиси гиҷкунанда онро фаро гирифта буд, шурўъ шуд ба ҳадде, ки баъдҳо ба
4 сурати афсона даромад».

  1. Искандари Мақдунӣ.
  2. Искандари Мақдунӣ ва Шарқ.
  3. Луғати «Бурҳони қотеъ».
  4. Абдулкаломи Озод, «Куруши Кабир», саҳ. 231.
пешина
аз 390
навбатӣ