Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Асбоби марги шоҳ дар назди шумост, – ишора ба обгина кард малика ва афзуд: – Ва шумо ҳар киро хоҳед, метавонед ҷазо бидиҳед.
— Магар гумони малика аз табиби донишманд аст?
— На! Табиби донишманд некдил аст, чунин нокасӣ накунад.
Чунин бадкорӣ аз дасти баддилон ояд. Кори касест, ки шоҳ Ардашери II-ро низ кушта буд!
Чизе такон бихўрд андар замири вазир Боҳуй. Рўбаҳона чашм танг кард ҳам аз дард ва ҳам аз ҳарфи шоҳзан, ки беҳуда бувад чунин эҳсосу алам. Ҳамзамон дар дилаш гузашт, ки зинда мондани Пирони табиб ҷойиз нест, ба хусус, ки шоҳзан ҷонибдор аст. Пеш омад хоҷасарой наздик ба Гулгун ва паст гуфт:
— Малика беҳуда худро дилреш накунанд. Балки дилҷамъ бошанд, ба маслиҳату насиҳат гўш диҳанд, ки аз тухмайи ҳахоманишиён танҳо Аршак ҷигарбанди шумо монда. Ман медонам, ки малика ба чӣ заҳмат писарро бузург карда. Малика Аршакро ба дояҳо надода худ ба воя расондаанд. Аз ин рў Аршак аз ҳамайи шоҳони гузаштайи ҳахоманишӣ фарқ дорад.
— Ин ҳарфҳо баройи чӣ, хоҷасарой? Мурдаро монда тутхўрӣ?
— Агар малика ба ҳарфи ман гўш диҳанд, ҳоло бояд аз чунин ҳарфҳо худдорӣ бикунанд. Зеро чунин манша эътибори шоҳзода Аршакро паст хоҳад кард. Шумо худро чунон бояд идора кунед, ки зани занон, маликайи хубон, ботамкин, боиффат намоед... Вагарна назди аъёну акобир нописанд гардед. Бузургони боргоҳ дар чунин ҳолатҳо ҳамаро аз назар хоҳанд гузаронд; бавижа шоҳзодаро. Ўро эҳтиёт бикунед, малика.
— Магар калиди бахт дар дасти шумост хоҷасарой? – бо чунин суол ҳама гуфтаҳойи вазирро рад кард Гулгун.
Хоҷасарой заҳрханда карду посух надод ва зуд дарёфт, ки заҳрхандааш ноҷост, рўй аз Гулгун гардонд ва пеши Аршак шоҳзода бирафт даст бар китфи ў гузошт, андаке ба маънийи ҳамдардӣ сукут кард ва фармуд:
— Худо туро сабру таҳаммул ато кунад. Аршак, писарам, ту ҳоло миёни обу оташ ҳастӣ, босабру фурўтан бош, шитоб накун, осемасар мабош... Такя ба ман бикун, туро хушбахт хоҳам кард.
Малика мехоҳанд, ки ба ҳама чиз зуд сарфаҳм раванд, вале донанд, ки саҳл нест.
— Маслиҳат чист?
— Сабр бояд бикунӣ, падарро ба хок супорӣ, номбардор ва ҷойнишини шоҳ Ардашери III бошӣ.
Ва хоҷасарой бозомад назди шоҳзани гирифтори андешаҳойи хештан. Гулгун марги шоҳ Ардашери III-ро аз дасти вазири бемурувват гумон дошт, вале бурҳон надошт. Ва мекалавид дар гумони хеш, ки шояд аз давоии Пирони табиб нобуд гашта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор