Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вазир Боҳўй дарёфт, ки ў хоҳад-нахоҳад маросими тоҷгузорӣ барпо хоҳад шуд. Агар ўро зинда гузоранд, ба ҷойи говону асбон қурбонӣ нагардад, беҳ он бошад, ки мадоро бикунад. Менигарад ба малика дуздида-дуздида. Ва нахоҳад, ки маросими тоҷгузорӣ чунин сағирона гузарад. Ў бо малика чашм ба чашм шуданист, то бори дигар гўяд, ки писари хешро чунин паст назанад, маросимро Курушона гузаронад. Вале худдорӣ мекунад, ки шоҳзан аллакай ҳарфашро гуфта ва фармуда, ки тоҷро малика ниҳад бар сари писар. «Бону, қурбонӣ бояд кард: говонро биоваред, асбонро биоваред, қурбонӣ бикунед баройи худоён, баройи Хуршеди фурўзон, ки ҳастийи мо аз нур аст. Қурбонӣ!» Вале чун мебинад, ки ин чизҳо баройи бону аҳамият надорад, ў мехоҳад писарашро зудтар дар тахти шоҳӣ бубинад, забон бозмедорад...
Акси Хуршед аз ташти заррин бархўрд ба чашми хоҷасарой ва хира гардонд онро. Хоҷасарой чашмон ба мушт молид ва бидид, ки тоҷи мукаллал на тоҷи душохайи зулқарнайнийи хоси Куруши Кабир аст, балки тоҷи муқаррарийи шоҳона аст, ки бар сари шоҳони дуввумдараҷа мегузоранд. Шитоб карда малика. Шояд аз ин рў пеш наояд, балки ситода андар канор; беруни дойира мушоҳида дорад ҳамаро. Вале ба назари хоҷасарой метобад, ки тоҷгузорӣ шукўҳу ҳашамат надорад ва фарри шоҳаншоҳӣ аён нест, шаҳбону ин чизро дарёфта ва ба ҳарфҳойи вазири боргоҳ сарфаҳм рафта, аз ин рў пеш наояд, мушоҳида кунад, пушаймон низ ҳаст...
...Ва онсўтар, зери ҳалқайи дор Пирони табиб бо чашми баста чизеро пай мебарад, вале надонад, ки чист ва аз касе пурсида натавонад, зеро ҳоло ба ў сухани охиринро иҷозат нафармудаанд ва шояд ин чиз насиб ҳам нагардад; хоҷасарой ҳеҷ гоҳ ўро сухани вопасин нахоҳад дод, зеро баройи миранда фарқ надорад, ки чӣ мегўяд, шояд табиб асрори вазир ҳувайдо созад, аз ин рў хоҷасарой чашми ўро боз накарда, ҳарфи ўро нашунида ба дорулбақо хоҳад фиристод. Гоҳ-гоҳе паст месурфад Пирони табиб, то донад, ки паҳлўяш касе ҳаст ё на; то донанду фаромўш накунанд, ки ў низ ҳаст. Ҷавобе нашунавад ва касе таҳдид ҳам накунад. Ў бо чашми баста даст-даст мекунад паҳлўйи хеш ва домани хешро ва ангуштон паҳлўтар бозӣ медоронад, ки шояд ба чизе бархўрад, мазмун касе нест, ки ангушташ ба чизе намерасад. Пасон нафас дарун дошта гўш медиҳад, ки нафаскашийи касеро мешунавад ё на, садое, нафасе ба гўшаш намехўрад. «Чӣ муаммое?» аз дил мегузаронад...
Садойи сурнай боло шуд. Пирони табиб пиндошт оҳанги қисматашро навохтанд, вале шоҳзода Аршакро бар курсӣ нишонданд, тоҷи заррин бар сараш ниҳоданд ва шодбош гуфтанд. Чун қурбоние набуд, дили хоҷасарой меларзид, ки киро қурбон созанд.
Нахустсухане, ки шоҳи тозаҷулус ба забон овард, номи вазири боргоҳ буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор