Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асирон сари даст бардоштанд пайкарайи дарунхолийи шоҳ Файлақусро ва ба назари Сирфак намуд, ки сабук аст ва беҳуда иҷро накард хоҳиши марди пирро. Шояд ў некӣ мехост Сирфакро. Ҳарчанд хубие накарда ба пирмард, шояд хотири ҳамватан буданро дошт, шояд дар сар нақшае кашида пушаймон бошад. Ба худ мепечид. Зеро дасти ўро аз нав ба банд оварда буданд...
Пирмард чунон ки бори аввал синамол кашу пархаш тори поя омада буд, ҳамон зайл баромад бар поя ва фармуд сари шоҳ Файлақусро ба дасташ диҳанд. Доданд. Боло кашид. Якбора бандиҳо, гўё ҳайкалро аз даст раҳо карда бошанд, хам хўрданд. Пирмард ба сар рафт. Сари пайкара ба лаби поя бархўрду парид...
Сахт хандид Сирфак...
Пасон хомўшийи тўлонӣ ба миён омад. Пирмард, бандиҳо ва ё касе намеёрист садо кунад, ҷунбад, пўзиш пурсад аз шоҳ.
Искандар ғазабашро фурў нишонда буд. Нигарист ба пармониён ва бе ҳеҷ гуна шарҳу эзоҳ фармуд:
— Сипаҳсолор, шамшер бидеҳ ба эшон.
Сипаҳсолор пай бурд ишорайи шоҳро, вале ҳайрон шуд, ки чаро чунин кунад? Зеро пирмарди резаву лоғар ёройи бо Сирфак пархош кардан надошт, аз ин рў гардан миёни шонаҳо фурў кашид ва маъсумона ба шоҳ Искандар дида дўхт; «Ман намехостам, шоҳзода, бандиҳойи порсӣ маро гўл заданд» чунин гуфтанӣ буд ў, вале нафасаш набаромад...
... аммо Сирфак шод шуд. Шод гашт, ки ҳама қасду аламашро меситонад аз ин пири фартут. Подоши амалашро медиҳад. Як бор шамшер мезанад ва каллааш чун себча мепаррад.
Сипаҳсолор Пармониён аз дур шамшер андохт сўйи эшон.
Сирфак, ки нав банди дасташро кушода буданд, тавонист дастайи шамшерро қабза кунад, аммо пирмард баройи доштани шамшер ҳаракат ҳам накард. Шамшер барқад бархўрд...
Хандиданд.
Искандар низ хандид. Ва зуд лаб аз ханда фурў баст, ки масхарабозӣ дорад пирмард.
— Ту чӣ, шамшер дошта наметавонӣ?
— Ман, ки дар умрам шамшер назадаам, касеро накуштаам, ба касе бадӣ накардаам, чӣ гуна метавонам шамшери дарҳаворо бидорам?
— Ту чаро садзабонайӣ? Гуфтӣ, ки сарбози Хишоёршоҳ будӣ, асир афтодӣ дар Отин, шоҳ Файлақус аз асирӣ озодат кард... ва чун бе шамшер аз Порс то Юнон набард кардӣ?
— Сайис будам, шоҳзода, сийиси Хишоёршо, чунон ки шумо Ксерксаш мегўед.

пешина
аз 390
навбатӣ