Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҳанўз сўҳбат хотима наёфта ва ё фармони ҷанги тан ба тан нашуда Сирфак сахт қабза гирифт дастайи шамшерро ва ҳуҷумовар шуд бар пирмард. Шамшер зад. Пирмард худро ба замин партофт.
Дасти чапи ўро бурид шамшери Сирфак. Ба найзаҳойи дароз доштандаш. Ў дубора шамшер зада натавонист. Аламу афсўсаш аз ин рў буд. Ва аз шиддати ғазаб нафасаш тезу танг гашта, сари синааш шинухез дошт.
Искандар тоқат карда натавониста, пушаймон аз бозийи сохтааш хештанро ба рўйи пирмард андохт ва бо кафи даст фавворайи хуни ўро пахш кард. Боздошта натавонист хунро. Чун табиб ин ҳол бидид, хешро андохт ба назди шоҳу пирмард ва зуд бозуяш сахт бубаст. Пирмарди беёд по мезад ва рамзомез паҳлўйи ҳайкали сарпаридайи шоҳ Файлақус дароз кашида буд. Сахт ғамӣ буд Искандар. Чун аз дасташ дигар мадад намеомад, қомат барафрохт ва рў овард ба Сирфак, ки ҳанўз шамшер аз қабзааш наканда буданд ва ў чун сурат орому хамўш миёни найзаҳойи тез меистод.
— Имтиҳон буд, бохтӣ бозиро... – бисёр ором гуфт Искандар, ки ба табиаташ мувофиқ набуд. – Собит кардӣ гуфтаҳойи пирмардро. Дар суханони ў ғалате набуд. Ман дониста пурсидамаш.
Аммо ту хостӣ зуд ўро аз миён бардорӣ, то шоҳиде набошад...
– ва рў овард ба табиб:
— Охирсухани ўро бипурс!
Табиб хам хўрд, сар фарогўши пирмард овард ва пурсид:
— Ту гуфтӣ, сар гирифтан марги осон аст баройи Сирфак.
Мехоҳӣ чун кушандаш?
Дергоҳ посух гуфта натавонист пирмард гўё аз азоби зиёд ва дарди гарон сухан гуфта наметавонист.
— Бигў, ба чӣ сазовор аст?
— Раҳояш бикунед...
Ҳайрон шуд табиб ва чун пирмард дарёз хомўш монд, тааҷҷуб кард:
— Масхара мекунӣ ё ситеза?
— На... Ростӣ, раҳояш бикунед... азобашро мекашад...
Табибро лозим омад посухи пирмардро бирасонад ба шоҳ Искандар. Чун бишнид Искандар, ҳарфи табиб бовар накард.
Дигарон низ бовар накарда ҳамчу шоҳ дар андеша афтоданд.
Сирфак низ бишнид ҳарфи пирмард. Дасту пояш суст шуд.
Шамшер афканд. Фурў нишаст. Найзаҳоро пас кашиданд.
Искандар ҳолати Сирфакро дида тааҷҷубаш афзуд ва сарбозонро ишора кард, то дур шаванд. Дур шуданд...
Сирфак дергоҳ сар ба зону нишаст. Муддате баъд китфонаш мепарриданд чунон ки мушакҳойи моли мурдаву пўстканда дар гармиаш парад. Пасон гирд гашт – ҷувозак, ба думба ва пошнайи пой, оғўш карда зонувонро.
— Бигзор ба кунаш кафа бикўбад! – садое омад аз гўша.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор