Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Поянда бод Юнон, зинда ва поянда бод қаҳрамонони он!
Коллисфени таърнхнигор ҳайрон монд, ки чаро шоҳи мақдунӣ Мақдуниё нагуфт, балки Юнон гуфт. Ба худ кашид, ки шояд шоҳ андешаҳойи ўро дарёфта киноя зада бошад. Зеро ў дар ҷангҳо танҳо юнониёнро тавсиф мекунад ва ақида дорад, ки юнониён набошанд, мақдуниён размида натавонанд. Коллисфенро таваҷҷўҳ зиёд аст ба юнониён.
— ...лекин сипаҳсолор, ман намехоҳам шармандайи ду ҷаҳон гардам.
— Яъне чӣ? – муроди Искандарро надониста пурсид Пармониён.
— Ояндайи мо аз ҷанги баҳрийи Милет вобаста аст. Агар мо ин ҷангро бибозем, дар баҳру барр ҳукмрониро аз даст диҳем...
— Аз ин рў ҷанги баҳрийи Милет ногузир аст...
— Дар назди рўди Граника ту ҷангидан намехостӣ, сипаҳсолор, ман якравӣ кардам... Ҳоло ман чандон ба пирўзӣ бовар надорам, ту размидан мехоҳӣ... Агар ҷангро бибозӣ, ба ягон унвону мартаба ва шўҳрату собиқаат нигоҳ намекунам.
— Ту шоҳ ҳастӣ, мо сипаҳсолор, ҳар чӣ хоҳӣ, он шавад.
Ва киштиҳойи эллинӣ андар ҷазирайи Лада лангар андохтанд.
Аз рўйи нақшайи Пармониён ва писараш Никонор бо қабулдошти шоҳ Искандар лангар андохтанд, то роҳи ҳаракати киштиҳойи артиши баҳрийи Порсро бибуранд. Онҳо се шаборўз рўйи об мелапиданд. Ва Искандар дар ин муддат ҳама шаройити шаҳри Милетро омўхт: бозиро дар ҷанги баҳрӣ бурдан як барор аст ва ба шаҳри қалъабанди Милет ворид гаштан ҳазор барор.
Рўзи чаҳорум артиши ҳарбийи Порс бо сесад киштийи ҷангӣ равон шуд сўйи Милет. Чун роҳаш бурида буд, лангар андохт андар димоғайи Микола. Артиши ҳарбийи Порс умед дошт ба лангаргоҳ ворид гардад ва роҳи киштиҳойи ҷангии эллиниро бибурад ва пирўз бошад дар ин пархош. Вале Пармониёни ботаҷриба пешдастӣ кард...
Бо вуҷуди он Искандари ҷавон ба пирўзӣ бовар надошт ва ҳар гоҳ таъкид мекард, ки бо фавҷи андак чӣ гуна метавон бар артиши бузург пирўз шуд. Ва маншайи шоҳу сипаҳсолор шаборўз идома дошт. Якравийи Пармониён писанд набуд Искандарро. Вақте киштиҳойи зиёди порсӣ лангар андар димоғайи Микола андохтанд ва чун бозичаҳойи мурғобишакл, аждаҳосурат, наҳангҷусса ва бисёр шаклҳойи булаҷаб рўйи дарё лаппиш мехўрданд, Искандар дарёфт, ки дигар роҳи гузар надоранд ин киштиҳо, сари сомони хешро ёфт.
Иҳота кард дижро. Дижи сахтбунёди Милетро шикаста вориди он гаштан амри андак набуд. Чун Милет дар натиҷайи ҷангҳойи зиёд ҳамчун шаҳри хушмавқеи портӣ борҳо аз даст ба даст мегузашт ва зуд-зуд хароб гашта ба тармиму таъмираш фурсат намеёфтанд, малики мулки Кария падарбузурги Айидабону фармуда буд ба шаҳрдори Милет, қалъаро чунон созанд, ки парранда роҳи гузар наёбад.

пешина
аз 390
навбатӣ