Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва чунин аст дижи хушсохти Милет: касногузар, деворҳойи дуқабатайи баланд дорад ва дарвозаҳойи сахту вазнин. Андаруни диж лангаргоҳ ҷой гирифта баройи киштиҳойи мулкдорон. Ва қалъа мусаллаҳ буд аз афзори ҷангӣ ва сипоҳи мунтахаб...
... ва Мемнони сипаҳсолор паноҳ бурда андар ин макон. Ҷосусон хабар оварданд аз бозмондани киштиҳойи ҳарбийи Порс андар димоғайи Микола. Мемнон ба таҳлука афтод ва дарёфт, ки ҳама нақшаҳояш барбод хоҳад рафт. Чун роҳи баҳрӣ бурида буд, савореро бо роҳи хушкӣ ба димоғайи Микола фиристод, то расонад, ки даст дар бағал нанишинанд, балки ҳамлавар шаванд ба артиши баҳрийи эллинӣ, зеро онон кам ҳастанд ва порсҳо бисёр.
Вале дар ин айём Искандар дар сари деворҳойи мустаҳкаму баланд аррода устувор кард, дар паси деворҳо манҷаниқ шинонд ва оғозид ҷангро. Болорҳойи вазнину гарони деворшиканро ҷанговарони зиёд бардошта ба девор мезаданд, то биафкананд ва ё сўрох гардонанд. Манҷаниқҳо санг мезаданд сипоҳи даруни қалъаро ва намегузоштанд пеш оянд сарбозони порсӣ.
Бо зарбаҳойи гарони болорҳо ва мошинҳойи деворшикани румӣ бишкастанду рахна карданд девори аввалро ва ворид гаштанд сарбозони зиёд. Онҳо ҳанўз миёни ду девор буданд ва мошинҳойи деворшикану болорҳоро ба девори дигар нарасонда аз ду самт, чунон ки аз кўчабоғ меомада бошанд, ҳуҷумовар шуданд сипоҳони пиёдайи порсӣ. Чунон ки оби рўд дар нимароҳ якбора ба ду маҷро ҷудо гардад, сипоҳи румийи аз рахнаву сўрохҳойи деворҳойи шикаста дарун омада ба чапу рост гаштанд ва даровехтанд бо сипоҳи порсӣ. Оварди рўёрўйи сипоҳи пиёдайи Порсу Рум буд.
Чунон ки дар ҳама гуна ҷанг бошад, аллакай замин рангин ва деворҳойи ду қабат хунин гашта буданд. Сарҳо мепариданд чун себча, дастҳо ҷудо мегаштанд аз тан, шамшерҳойи ба ҳаво бардошта сарозер фурў мерафтанд. Хунфарш шуд масофайи байни ду девор ва гўйӣ ба хоку хуни ин замини танг сарҳойи бурида, дасту пойҳойи ҷудо-ҷудо ва танҳойи бесарупоро менишонданд, то аз нав тухми мардуми Порсу Юнон бисабзад. Ду халқе ки куштан надорад, гўйӣ аз куштану пора-пора кардану ба хок нишонда сабзондан тухми он меафзояд. Халқ ба куштан нобуд нагардад, ба сўхтану бурдан мулк нест нашавад. Халқе ки фарҳангу забон дорад, намиранда бувад. Ва дигарбора сабз нагаштанд сарҳойи бурида ва танҳойи бесар. Хун натавонист бирўёнад ин донаҳойи испедамурдаро.
Манҷаниқу арродаҳойи сари бораҳо санг мебориданд. Садойи шамшерҳо аз деворҳо шунида мешуданд. Садойи ба хўдҳо бархўрдани сангҳо меомад ва акнун фарқ надошт, ки санг ба сари кӣ меборад. Зеро сипоҳони ду лашкар ба ҳам овехта, илоҷи дар тангно шамшер кашидан набуд ва теғу дашнаву ханҷарҳойи кўтоҳ, тани бақувват ва бозўйи нерўманд кор мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор