Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Гоҳ-гоҳе асбон бинӣ меафшонанд. Шаббода мевазад. Осмон пур аз ситора. Моҳ равшан. Вале табъи сипаҳсолор гирифта. Писаронаш аз рўйи одат дар киштӣ хуфта ва аз ноҷўрийи табъи падар хабар надоранд. Мемнон андеша дорад, ки худ бо фавҷе бигардад сўйи шоҳаншоҳ ё ҳамаро бубарад ҳамроҳ. Ё бифиристад писарашро... Насим форид танашро.
Даҳан кушоду хамёза кашид. Вале фурсат ба хоб намонда буд.
Чашми рўз накафида бонг зад ва бедор кард ҳамаро. Сарбозон бо таҳлука аз хаймаҳо ва киштиҳо бурун ҷастанд. Сипаҳсолор фармони бозгашт дод...
Сари киштиҳоро гардонданд. Шаборўз киштӣ меронданд, то ба хидмати шоҳаншоҳ бирасанд, мулкро эмин гардонанд. Сипаҳсолор Мемнон умед дошт рост ба лангаргоҳи дохили диж биравад, вале чун наздик омад, хатарро дарёфт ва роҳҳоро бурида дид. Лоилоҷ дуртар аз шаҳри Галикарнас киштиҳоро лангар андохт. Дар ин айём лашкари мақдунӣ охирин маҳаллаҳойи атрофи шаҳрро хароб мекард. Чун шаҳрро сипоҳи Рум нимҳалқа гирифта буд, Мемнонро лозим омад бо роҳи хушкигарди паси диж биравад. Ҳамчунон кард ва ворид гашт ба шаҳр, бо дарвозаҳойи махсус.
Ва Искандар хабар ёфт аз омадани сипаҳсолори Порс Мемнон.
Ҳарчанд Искандар барқвор омад, шаҳрҳойи хурду маҳаллаҳоро сўхтаву валу вайрон карда омад, аммо ба забти шаҳру диж осемасар нашуд. Искандари таълимдида роҳҳойи баҳриву хушкиро хол ба хол омўхт ва донист, ки забти Галикарнаси мулки Кария на корест саҳл. Ў қуввайи душманро муайян кард, қароргоҳи фавҷҳоро донист, роҳҳоро омўхт. Мушкилот дар ҷўю хандақҳойи пуроби гирди шаҳр ва деворҳойи баланду дуқабатайи даври он буд. Мақдуниён наметавонистанд дар чунин ҳолат мошинҳойи деворшиканро пеш баранд, болорҳойи гаронвазни садафканро биоваранд, манҷаниқҳоро мустаҳакам ва арродаҳоро сари бораҳо устувор созанд. Он чӣ аз назари Искандар пирўзибахш буд, ба чашм нарасид.
Искандари марзҷў қасди Доройи Кудумон ва Мемнони марзбону ҳимоятгарро дошт.
Чун Мемнони диловар, яли Порс аз оҳангу оварди Маликуррум огоҳ гашт, сахт омода шуд ба разми ў. Низ биомўхт ҳар нуқтайи маъвогирифтайи фавҷҳойи Искандару сипаҳсолор Пармониёнро...
... Ҳамзамон пури Файлақуси II Искандари Мақдунӣ огоҳӣ ёфт аз ҷосусиҳойи порсиён ва омодагийи сахташон. Ва ёдаш омад аз ваъдайи шаҳрдори шаҳри Минд; ў қавл дода буд, ки шоҳи ҷавонбахтро бо нону намак пешвоз мегирад ва калиди шаҳрро барояш медиҳад. Аз ин рў Искандари Мақдунӣ ногумон, баройи фиреби галикарнасиён, ҷилави сипоҳро сўйи шаҳри Минд гардонд. Чун ба Минд расид, дарёфт, ки фиреб хўрда. Зеро шаҳрдори Минду миндиён бо нону намак пешвозаш нагирифтанд, балки сахт омода буданд ба набард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор