Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Посух набишт: «Умри шоҳаншоҳ дароз бод! Ва мулкаш обод! Хушнуд ҳастам аз эҳдойи шоҳаншоҳ. То кунун чунин унвон ба сипаҳсолорони Порс насиб набуда. Карами шоҳаншоҳ бениҳоят... Агар шоҳаншоҳ малол нагиранд, нияти ҷангро ба мулки Рум кўчонидан дорам. Ман ҳоло шимолтар меравам. Сипоҳ савори сӣ киштийи ҷангист. Шаҳрҳойи ба ном «эллинийи» Осиёйи Сағирро бозпас бояд бигирам... Шоҳаншоҳ пас аз хондани нома бояд бифаҳманд, ки нияти ҷангро ба Мағриб кўчониданам пойи тохти Искандар аз Машриқ боздоштан аст. Ҳоло ҷавонони эллинӣ ба сарбозӣ ва хоҳишмандон ба кироя меоянд...
Ҷанги Милет омад накард... Ҳоло оташи ҷанг сўйи мулки Рум забона мезанад.
Умед дорам, баъди пирўзиҳо дида ба дидор расад...»
БаНди ЧАҲОРУМ
Искандари Мақдунӣ огоҳ буд аз нияти сипаҳсолори Порс Мемнон, вале нагашт аз роҳу ройи хеш. Бо ҳамон шасте, ки шаҳри портийи Милетро забт карда буд, шаҳрҳойи хурди сари роҳро харобу абгор намуда, то наздикиҳойи марказу муттакойи мулки Кария шаҳри Галикарнас омад ва хайма зад. Зеро медонист, ки Галикарнас ободтарин, зеботарин ва мустаҳакамтаринест аз шаҳрҳойи мулки Кария. Ва чунон сахтбунёд аст, ки аз баҳру барр душман роҳ ёфта натавонад. Инчунин дижи қавӣ, рўйинбунёде дорад. Ҷўйи гирдгардон дорад атрофи шаҳр, то адў роҳ наёбад...
...вале Искандар чун дар шаҳру дижи Милет пирўз гашт, шоҳи Порс – Доройи сониро ба ташвиш овард. Аз ин рў номайи навбатӣ ирсол кард ба сипаҳсолор Мемнони диловар:
«Ай сипаҳсолори кулли баҳру бар, Мемнони диловар!
Мулки Порс дар хатар аст. Он тадбире, ки ту дорӣ, пури Файлақус, Искандари Мақдуниро аз ҷанги Порс бозгардонда натавонад. Зеро Искандар васият ва нақшайи падарро баҷо меорад.
Аз ин рў ҳеҷ гоҳ пой аз тохт бознадорад. Искандари марзҷў аз ёд набарорад, ки Доройи Аршак марздор аст, на Мақдунӣ... Аз ин рў ҷанги Румро мавқуф гузор ва баргард ба Порс...»
Номайи пуризтироби шоҳаншоҳро хонда сипаҳсолор хў кард ва дарёфт, ки Доройи Кудумон ба ў унвони сипаҳсолори куллро беҳуда надода. Хашм гирифт ба шоҳаншоҳ, ки умеду армон ва нақшаҳояш барбод мераванд. Мемнон шаби дароз ба пардасаройи хеш надаромад, балки гом зад дар ҳавойи серуни шабона, ки аз сару либоси низомӣ сабукбор гашта буд. Дар тан либоси оддийи шарқиёна дошт аз дебойи Чин. Танаш ҳам нафас мекашид. Шаби орому осуда. Сипоҳ хуфта. Баҳр мадд дорад ва садойи бархўрдани мавҷ ба киштиҳо ба гўш мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор