Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Паёпай ҳуҷумовар шуд.
Чун галикарнасиҳо чунин одати шоҳи шабравро медонистанд, тамоми шаб хоб накарданд. Рў ба рўйи душман омода гаштанд ба ҷанг. Онон тасмим гирифта буданд, ки пурзўртарин олоти ҳарби румиён олоти садшикани эшон аст. Аз ин рў фурсати муносиб ёфта, душманро чапғалату гўл зада, оташ мегиронданд олоташонро. Як навбат ҳамаро сўхтанд.
Искандар хашм гирифт. Фармуд дастгоҳҳойи деворшикан, болорҳойи гарон ва манҷаниқу арродаҳойи навро аз киштиҳо биоваранд.
Ҳанўз ҳам болорҳойи нимсўхта дуд мебароварданд. Ҳанўз ҳам шербаччаҳойи галикарнасӣ шишаҳойи гарданпаридайи нафтро паси девор меандохтанд ва аз пасаш машъалҳойи фурўзонро ҳаво медоданд. Гўйиё нафт бар оташи ғазаби Искандар мезаданд. Ва ў ғурриду хурўшид чун шери нар, то пайроҳаҳойи зиёд созанд бар тўли деворҳо. Сипоҳиёну хидматгузорон аз нав ба кашондани хоку хасу шоху барг машғул шуданд. Дар замбару замбарғалтак, дар доману халтаҳо ва ҳатто дар хўду кулаҳхўдҳо хок кашонда ба хандақҳо мерехтанд. Ҷўяҳойи гирдгардони пуроб хокро фурў мебурданд чу намак. Лозим меомад, ки танҳо аз паҳлўйи пайроҳайи сохта хок бирезанд...
Хаста шуд сипоҳи Искандар, вале хашму ғазаби шоҳи ҷавон нерўйи фурўрехтайи сарбозону хидматгоронро барқарор мекард.
— Шумо чӣ пархошгаронед, ки ба душмани Отинро сўхта раҳм мекунед?! – бонг зад Искандар.
Ва фарёдҳо боло шуданд: «Душманро саркўб бикун чу мор!»
Ва сипаҳсолор Пармониён аспашро ҷилав зада ба Бусефали малик ҳамҷилав кард:
— Осуда бош, шоҳи ҷавонбахт, галикарнасиҳо дигар маҷоли аз шаҳр бурун рафтан надоранд. Онҳо чун мор бар сари ганҷи хеш ҳалқа мезананд. Ва ё худро фалах мекашанд.
Манҷаниқу аррода устувор карданд зи нав ва кўфтанду шикастанд деворҳоро ба ғазаб. Кўшкҳойи аввалро биандохтанд зи бун. Ва девори байни кўшкҳоро биканданд... Яқин гашт, ки девор шикастан ва садд андохтан баройи мақдуниён мушкилоте надорад. Муҳосиранишинон низ дарёфтанд ин чизро ва донистанд, ки даромадан ба шаҳр баройи мақдуниён машаққате нест. Порсиён низ ба ғазаб омаданд ва сари ҳиммату ҷаҳл дар муддате кўтоҳ девори оҷурие баланд карданд ба шакли ҳилоли аҳмар, то ҳамлайи душман боздоранд. Вале пеши селобро гирифтан на корест саҳл.
Фурсати зиёд нагузашта мақдуниён девори тарро афканданд ва гўшаҳойи дигар рахна карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор