Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Галикарнасиҳо умед доштанд бо ҳимоя пирўз гарданд. Онҳо гоҳ-гоҳ фурсат ёфта олотҳойи садафкану сангандозро нафту оташ мезаданд ва боз нигарон мешунад, то чӣ пеш ояд. Ақлнопазир аст бо ҳимоя пирўз омадан. Пирўзӣ ҳамлаву овард мехоҳад ва ҳуҷум.
Зархариди порсҳо Эфиалти юнонӣ баъди бо сипаҳсолор Мемнон ва сарони фавҷҳо маслаҳату машварат кардан роҳбарийи ҷанги қалъаро ба ўҳда гирифт. Сипоҳи дуҳазорайи порсиро ба ду фавҷ қисмат кард: қисми аввал машъалбардор буданд ва қисми дигар ҷанговар. Эфиалти юнонӣ сахт омода шуд ба ҷанг. Ва касони ноогоҳу нобалади шаҳриро ба ҳайрат оварда буд, ки рўзона ин қадар машъал афрўхтан чӣ маънӣ дорад. Дере нагузашта онон нақшаҳойи худро намойиш доданд...
... Ва якбора дарвозаҳойи диж боз шуданд. Фавҷи машъалбардор ҳуҷумовар гашт. Онон дар як даст машъал ва дар дасти дигар шишаҳойи нафт доштанд ва латтаҳойи ба нафт оғишта. Шишаҳойи нафт ва латтаҳойи нафтҷафида ба дастгоҳҳойи деворшикан, ба болорҳо, ба манҷаниқу арродаҳо мезаданду машъала медоштанд ва ё аз паси девор меандохтанд. Олотҳойи ҷангийи мақдуниён месўхт.
Чун сипоҳи Искандар ба шикастани девору садд ва сангандозӣ гирифтор буданд, аз ҳамлайи ногаҳонийи порсҳо бехабар монданд.
Ва баногоҳ аз паси дуди машъалҳо ва олоти сўхтайи сипоҳи румӣ бар сари сарбозони Искандар борони тир борид. Ғайричашмдошт буд чунин оварди шадид Искандарро. Аз ин рў дам фурў баст ва паснишинӣ кард. Ва вақти осемасар пас гаштан сарбозони зиёди мақдунӣ дар наҳр афтода нобуд шуданд..
Искандар салоҳи кор меҷуст...
Дар чунин фурсат Мемнони сипаҳсолор барори ҷангро дарёфта фавҷҳойи мададгорро бифиристод сўйи Эфиалт. Эфиалти юнонӣ сипоҳи мақдуниро бохтапархош дониста, ҳуҷумовар нашуд, балки бозмонд назди дарвозаҳойи боз.
Дуди олотҳойи сўхта димоғи Искандарро хориш дод. Ду-се бор атса зад, ба назараш мағзи сараш равшан шуд. Қувваҳойи мададгори мақдунӣ ва сарбозони собиқадору ботаҷриба бо сарварийи сипаҳсолор Пармониён даррасиданд ба мадади Искандар ва фавҷҳойи деворшикану сангандоз. Дуди маҳини майдони набард ба аланга табдил ёфт. Чун порсҳо ҳанўз дарвозаҳоро набаста буданд, сипоҳи ду самт шамшербасипар шуданд.
Мемнони сипаҳсолор, ки аз барори набарди Эфиалти юнонӣ хушнуд гашта, сари хони айш нишаста буд, баробари шунидани хабари дарвозаҳойи боз ранг аз рухаш парид. Афзори ҷангӣ напўшида бар зини Саманд нишаст. Вале чун кор аз корзор гузашта буд, бурунтар аз дарвозайи диж нарафт.
Боз садойи Пармониёни сипаҳсолор боло шуд: «Вақти набард як тан бояд ба ҷойи сад тан биҷангад!» Мақдуниён ҳангоми пархош аз худ рафта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор