Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва баъд аз зеҳнаш гузашт, ки чӣ қадарҳо аз теғаш мурданд, вале надониста буд азоби эшонро. Он вақт ин чизро дарк намекард, балки хушнуд мегашт, ки душман кушт, садди роҳ шикаст, пирўз омад... Ва мағзаш ҳам тира гашт. Танҳо миёни тирафазо дандонҳойи сафеди дароз ва устухони сари мурдаҳо абадан дар ёдаш монд...
Ҷанги Руму Порс идома дошт. Фавҷҳойи порсӣ мегурехт ва пароканда мегашт дар шаҳр. Дар чунин аҳвол сипаҳсолор Мемнон наметавонист сўйи шоҳаншоҳ пайке фиристад. Ў ҳанўз ҳам либосӣ ҷангӣ ба бар накарда буд ва бо шаҳрдори Оронтобат дами дарвозайи диж муколамайи сари аспӣ дошт. Саманди ў замин нохун мекард ва кишна. Фараси Оронтобат сукут дошт. Гўё чун соҳибаш пушаймон буд аз кардайи хеш, ки чаро ба ҳарфи сипаҳсолор гўш дод ва монанди Малика маликуррумро бо нону намак пешвоз нагирифт ва калиди дижро набахшид.
— Чӣ бояд кард, сипаҳсолор? – пурсид Оронтобат ва баробари садойи ўро шунидан фараси гўшхамида гўш сих кард.
— Ҷанг бояд кард... – Саманд аз нохунзанӣ бозмонд ва бинӣ афшонд.
— На-а... дер шуд, сипаҳсолор...
— Чун дер шуд?
— Мақдуниён ба шаҳр тохт оварданд. Дижро муҳосира доранд.
Деворҳойи дижро мекўбанд... Шумо, ки медонед ҳамайи инро!
— Оре, донам. Ман бисёр чизҳоро донам. Аммо чаро ҳоло ғофил мондам? Айби хони айш буд. Гуноҳи шаҳрдори юнонӣ буд...
— Чун, сипаҳсолор? Ман, ки юнонӣ нестам.
— Оре, ту юнони нестӣ, аммо фурўхта шуда будӣ ба юнониён, ба Эфиалти юнонӣ.
— Чун, сипаҳсолор? Агар ман ба Эфиалти юнонӣ фурўхта мешудам, магар Эфиалтро бо чунин азоб мекуштанд?
— Бале! Бояд бо чунин азоб мекуштанд.
— Чаро?
— Зеро ҳар он ки асрор донад, дар давлатдорӣ намонад.
Асбон, ки то ҳанўз гардан ба гардан буданд, якбора ба шўр омаданд. Ононро базўр ҷилав кашиданд. Гўё асбон баройи тез нашудани соҳибонашон чунин саҳна сохтанд, то аз ёдҳо баранд кинаву кинояйи ҳамдигарро. Вале Оронтобат ба ҷилав кашидан ором нагашт. «Ин отинӣ чӣ мегўяд? Ҳар қадар маро таъна занад, ба худаш мерасад. Зеро ман галикарнасӣ ҳастам, на омада...» Чун аз ҷилавкашӣ фарасаш чароғпоя гашт, андеша аз сараш парид.
Зеро медонист, ки сипаҳсолор кина гирад, аз ў халосӣ нест.
— Шумо маро парешон кардед, сипаҳсолор...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор