Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гўё ҷисмашон меҷангид ва рўҳашон хуфта буд. Зарби шамшеру гурзу синонро эҳсос намекарданд ва чунин олотҳойи ҷангийи душман ба ҷисми эшон кора надошт.
Саропо ғазаб, оташ ва нангу номус гашта буданд ва гўйиё Искандару Пармониён чун ду шамшери ахиллӣ тори сарашон ҷавлон зада шуоъйи офтобро мунъакис мекард. Чунон ки бо дастгоҳҳойи деворшикан ва болорҳойи гарон девор мезаданду мешикастанд, фавҷи порсиро ҳамон тавр зарба зада, тела дода, афканда, помол карда, фурўтар мерафтанд...
Фавҷи Эфиалти зархарид пас-пас мерафт мисли аспи аробайи биниашро дошта ҷониби диж. Чун аз дарвозаҳо ба саҳни фарохтар шуданд, гурўҳи порсиёнро иҳота гирифтанд мақдуниён. Эфиалти юнонӣ андар миёна монда буд. Ҳарчанд набард мекард, барояш метофт, ки кунд гашта; гумонаш на ба тан, на ба ҷисм, на ба сипар, балки ба санг бармехўрд шамшераш. Вале чун ба худ омада, лаб газида шамшер ба сипари сарбози рў ба рў зад, шамшер аз дасташ парид... Сипаҳсолор Пармониён ҳозир шуд ва баланд хандид: «Ин юнониро бинед, на баройи халқу миллат, зану фарзанд, Ватан ва ё нангу номус меҷангад! Балки баройи зарр бар зидди падару модар, зану фарзанд ва Ватани хеш меразмад!» Ҳалқа бар гарданаш омад. Ва кашиданд ўро. Миёнайи фавҷи мақдуниён мерафт. Хандахариш буд. Ҳалқа гулўгир карда буд. Касе ба зарби шамшер бибурид танобро. Як мижазанӣ нафас гирифт, вале боз нафасгардон шуд...
Бурдандаш. Медонад, ки бурдандаш... Чизе напурсиданд, азоб надоданд, хўд аз сараш нагирифтанд, ҷавшан аз танаш наканданд, камарбанду нимланг накушоданд... Гўшаш набуриданд, забонаш накашиданд, чашмаш накофтанд, ки усулҳойи ҷазойи хойин буд...
Бурданд ба ҷое, ки болорҳойи деворшикани юнонӣ дуд мекарданд.
Нишонданд бар болори нимсўхта. Барбастанд. Нафт бар сараш рехтанд. Машъалеро, ки ҳанўз ҳам милт-милт месўхт, аз замин бардошта, фурўзонтар сохтанд ва доштанд бар болору ҷисми Эфиалт... Ҳеҷ пурсу посух набуд. Пармониён бо руҷўйи сари асбийи хеш ҳама чизро гуфта буд ва ҳама маъниҳо равшан буданд.
Аз ин рў ҳама дамбадарун буданд...
Эфиалти юнонӣ фарёд назад, зорӣ накард... лаб мегазид. Бедор буд, баҳуш буд. Медид, ки чун танаш аланга мегирад. Чӣ зайл афзору либоси рўйини ҷангӣ оташ гирифта ба танаш мечаспанд.
Чӣ андоза баланд аст ҳарорати оташ. Аланга аз сар боло шуд.
Ришу бурут, мижгону абрў ва мўйи сараш чун вағида ба пўсташ часпиданд, ёд дорад. Ва дарёфта, ки юнониён бо ў ҳамчун бо як тан ватанфурўш муомила мекунанд. Аз ин рў лабонаш ба ҳам часпиданд, ҳарфе гуфта наметавонад, пилки чашмонаш часпиданд ва андар миёни оташи фўрўзон ҳама чиз дар назараш тира шуд.
Вале мағзаш равшан. Отин ёдаш омад, зану фарзанд, модари танҳо, гўри падар...

пешина
аз 390
навбатӣ