Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Чун хўду зиреҳи ҷангӣ надоштанд, хавфи аз зарби шамшери аввал паридани сарҳо зиёд буд.
— Баройи ман фарқ надорад, – ғуррид зери дандон сипаҳсолор.
— Медонам, – низ аз зери дандон садо баровард Оронтобат,
– баройи ту фарқ надорад, ки дар кадом ҷабҳа мемурӣ. Порсҳо туро мекушанд ё мақдуниён.
— Ҳукм... – гўё ҷонаш дар танаш танг омада бошад ба шаст тела доду шамшер гирифт ва аз нав бизад.
— Бисёр шоҳон дидам, зиёд сипаҳсолоронро донам, вале пасттар аз ту сипаҳбаде надидам. Ту баройи зан шуда бародари худ Менторро бикуштӣ, зани ў Барзинро гирифтӣ, хоҳарзодайи худ Барзинро. Пас чӣ гуна аз ту мардӣ барояд?
Сипаҳсолори Порс Мемнони юнонӣ ҳусни зебойи Барзинро пеши назар овард, лаҳзае ҳама чиз аз ёдаш рафт. Гўё Оронтобат бо ин сухан ўро афсун кард. Суст шуд. Гумонаш ўро кушта Барзини ҷаҳоноро, ки сифати зебоияш ба мулки Порс низ расидааст, мерабоянд: «Вале ў чаро таъна мезанад, ки ман Менторро кушта зани ўро гирифта бошам?» Ўро куштанд, юнониён куштанд... Аблаҳ, кадом марди дар танаш гармӣ дошта чунин олиҳайи ҳуснро ба каси дигар медиҳад... Ман танҳо ба хотири ў ҷанг мекунам, девона! На баройи Порс, на баройи Юнон! Танҳо ба хотири Барзин!
— Барзин ба ту насиб намекунад, сипаҳсолор!
— Чӣ!!!?
— Барзин зани касе мешавад, ки туро кушад! – гуфт Оронтобат ва ҷилави аспашро тофта сўйи дарвозаҳойи боз, ки сипоҳи Искандар меомад, пошна зад.
Мемнон чанде аз пайи ў Саманд тозонд, вале ба дом афтоданашро дарёфта, ҷилави аспаш кашид. Саманд чароғпоя шуд. Тире ба гардани он бархўрду пўст дарид. Мемнон зуд сари Саманд гардонд. Тирҳойи зиёд аз бару паҳлў мегузаштанд ва аз садояшон медонист, ки масофа дур аст, кора надоранд. Сипаҳсолор таъхирро марг дониста, ягона гардунайи андар диж маҳфузро баровард ва Барзини зеборо бар он нишонда, ба сипоҳ фармуд, ки шаҳрро оташ зананд, ҳамаро валу валангор кунанд ва аз дунболи ў шаванд.
Ва фурсате баъд шаҳр оташ гирифт. Ҳама ҷо ба хароба табдил меёфт. Сипоҳи Порс бар асари сипаҳсолор Мемнон мерафт.
Ва сарбозон дудила буданд, ки бо чунин сипаҳбадони зархарид, ки дар ҳар набард нархашонро меафзоянд, Ватан ҳимоя кардан имкон дорад ё на?
Шаҳрдори Галикарнас Оронтобат чун аз чанги сипаҳсолор Мемнон раҳо ёфта миёни фавҷи камонварони мақдунӣ шуд, шамшер ба замин афканд. Вале дар торикийи субҳи козиб на ҳама диданд шамшер афкандани ўро. Аз ин рў тир андохтанд сўяш. Ва ў аз тарс даст афшонду фарёд зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор