Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Тир назанед! Маро назди шоҳ бубаред!
Ҷилави аспи ўро доштанд ва назди сипаҳсолор Пармониён бурданд. Ҷондорони сипаҳсолор дами хайма эшонро боздоштанд ва рухсат надоданд, ки Пармониёнро нороҳат созанд. Ва чун сипаҳсолор бедор буд, худ аз хайма бурун омад. Бо қомати хамида аз парда бурун шуд ва гўё чизе рух надода бошад, хамёза кашид.
Ва сарбозону бандиро дида, аз ҳаракат бозмонд.
— Шаҳрдори Галикарнас ба шоҳ арз дорам, мегўяд, сипаҳсолор!
— Чӣ арзе? – пурсид Пармониён.
— Мо бо нону намак шуморо пешвоз гирифтанӣ будем, сипаҳсолор, вале Мемнони юнонӣ саркашӣ кард ва пархош. Ҳоло фирор карда ва оташ зада шаҳрро, хароб карда дижро.
Парешон ва осемасар шуд сипаҳсолор Пармониён, ки чун бехабар монда аз ҳамайи ин. Буд-набуд баройи бепарвойиаш аз шоҳ танбеҳ гирад. Ва ҳоло надонад, ки чун равад ба дари пардасаройи Искандар. Тойис дар пардасарой аст ва шоҳро аз ҳама гуна ташвишҳо ором мегардонад. Аз воқеа сарфи назар кардан нашояд. Зеро ҳаёту мамоти сипоҳи румӣ ва ба Оби Ҳаёт расидани маликуррум аз ин шаҳру ин диж вобаста аст. Искандар ба умеди дижро ихтиёран супурдани галикарнасиҳо буд. Ҳоло шаҳрдор омада, вале дер омада.
Сипаҳсолор чанд гоми кушод гузошта ба саропардайи шоҳ наздик омад ва худ аз худ пой боздошт. «Айши шоҳ мунағғас мегардад... вале зарурат пеш омада...» ва сурфид, ҷавобе нашуд.
Боз сурфид. Касе чашмбанди равзанаро бардошта нигарист ва фурсате баъд шоҳи нимбараҳна парда боз кард:
— Чӣ шуда?
— Шаҳрдор омада, шоҳ...
— Дер омада.
— Оре, дер омада. Сипаҳсолори Порс Мемнон ўро боздошта...
Ва ҳоло, ки фирор карда, ў омада.
— Фирор карда?
— Бале! Шаҳрро оташ зада, ҳамаро хароб карда...
— Хуб карда, сипаҳсолор, заҳмати моро сабук карда. Мо низ бояд чунин мекардем. Бифармо хубтар оташ зананд, биноҳоро ба хок яксон кунанд ва аз пайи Мемнон шаванд.
— Ба чашм, шоҳи ҷавонбахт. Бо шаҳрдор чӣ бикунам?
— Чунон ки бо Эфиалт кардӣ.
Чунин фармонро чашмдор набуд сипаҳсолор. Фармони нахустини имрўзайи шоҳ хуб набаромад, вале сипаҳсолор илоҷи ислоҳи онро надошт. Даст пеши бар бурд ва пас-пас рафт...
Вале сипаҳсолор Пармониён соҳиби Галикарнас Оронтобатро чун Эфиалти юнонӣ ба қатл нарасонд. Балки ба писараш Никонор фармуд, ки ўро бурда дар киштие нигаҳ доранд, то фурсат ёфта аз забонаш ҳама нақшаҳойи пархоши порсиёнро бишнавад.

пешина
аз 390
навбатӣ