Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Никонор шаҳрдори Галикарнас Оронтобатро ба киштие овард, як асири порсӣ дар сутуни киштӣ баста буд. Оронтобатро рў ба рўйи асир низ бубаст ва баргашт назди падар. Он марди асир магар бо ҳавойи баҳру киштӣ ва муомилайи нохудоён ошно буд, ки ба рағбат ҷониби асири навбатӣ менигарист ва яқин мекард, ки одами андак нест. Пурра, гўшту пўсташ барҷо, мисли ў лоғару пурриш нест. Ва Оронтобат менигарад зери абрў ва мебинад, ки асир азияткашида.
— Салом бар шумо! – одоб кард Оронтобат. Мард сар афшонд:
– Порсӣ донӣ?
Асир боз сар ҷунбонд.
— Пас чаро ҳарфе назанӣ?
Чун асир донист, ки марди тозаомада порс аст, даҳон кушод ва ҳарчанд зўр зад, забонаш бурун наомад. Балки Оронтобат дид, ки забонаш бурида.. Ҳаракат кард қоматашро бардошта дуруст бинад, натавонист.
— Буриданд?
Боз сар ҷунбонд асир.
— Баройи он ки дурўғ гуфтӣ?
Сар ҷунбонд ба ду тараф: «на!»
— Баройи он ки чизе нагуфтӣ? «На!»
— Баройи он ки дашном додӣ? «На!»
— Чӣ гуфтӣ?
— Асрор ҳувайдо накардӣ? «На!»
— Чӣ?
Ў китф бардошт ва сар миёни шонаҳо кашид: гуфта наметавонист, «рўзи ман ба сарат ояд, мефаҳмӣ!»
Дерёз андеша кард Оронтобат. Ба атроф нигарист касе ҳаст ё на. Ба киштиҳо, ба дарё нигарист. Хотираш ҷамъ нагашт. Ва касеро меҷуст, то илтиҷо кунад, дастони асири нокомро кушоянд, ақаллан ба ишорайи дасту чашму абрў ва ҳаракоти дигар фаҳмонад, ки чӣ шуда бо ў.
— Ё сар нафаровардӣ ё забондарозӣ кардӣ... «Ҳа, ҳа, ҳа!»
— Забондарозӣ кардӣ, забонатро буриданд? «Ҳа!»
— Чӣ гуфтӣ?
Ў дастонашро мекашид, то аз банди печида бурун орад ва матлаб фаҳмонад. Афсўс...
Ва Оронтобат ўро саволборон мекард, то донад, ки баройи чӣ забони ўро буридаанд. Чӣ хуш буд, агар ў забон медошт, зеро ҷойи мувофиқ дигар пайдо нагардад, ки кас дарди дилашро гўяд:
— Ту марди Порс-а? «Ҳа!»
— Дилат ба Порс сўзад? «Ҳа!»
— Баройи ҳамин забонатро буриданд? «Ҳа!»

пешина
аз 390
навбатӣ