Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Даъвийи зиёд низ дошт.
Ва Искандар ўро душмани хавфнок меҳисобид.
Чун эътимод ба кас намонда буд, Доро ҷилави маҷлис ба даст гирифт. Аз Мемнон ёд кард:
— Аз ҳозирини арҷманд пўзиш мехоҳам... вазъи ҳарб ва ҷабҳа ва фавҷ ва сипоҳ ба ҳамагон рўшан аст. Ортобоз ва Мемнон нестанд дар бари мо. Ва имрўз зарурат ба сипаҳсолоре афтода, ки ақаллан чун Мемнон ҷонфидо, размӣ ва бохирад бошад. Номзадҳойи хеш пеш оред, то Шўройи низомиён ҳаллу фасл кунад.
Хомўшӣ ба миён омад. Сипас миш-мишу баногўшӣ шуд. Ва Қоруни солхўрда аз низомиёни собиқадори юнонӣ лаб ба сухан кушод:
— Сипаҳсолорӣ на кори ҳар сарбоз аст. Лашкаркашӣ касеро зебанда, агар қилу қол надошта бошад. Дилпур бошад, ботаҷриба ва бопир бошад, пархошгар ва ботадбир… Ба назари ман мувофиқтар аз ҳама Фарнабоз аст...
Боз ғалмағал шуд дар толор. Доро кўбайи хурде ба обгина зад. Зеро толор ба ҷунбиш омада буд.
— Далел чист, Қорун? – баройи вакилонро осуда кардан пурсид Доро.
— Аввалан Фарнабоз аз тухмаву мактаби Мемнон аст: ҷияни ўст. Дарси набард аз Мемнон гирифта. Ва сипаҳсолор ҷойи хеш ба Фарнабоз васият карда. Сониян Фарнабоз хуни машриқӣ дорад:
модари ў аз ҷазирайи Родос бувад. Ва ҳоло Фарнабоз аз рўйи нақшаҳойи Мемнон амал мекунад ва андар баҳри Эгей ҳукмрон аст.
— Ҷанги баҳри Эгей баробари фавти Мемнон аҳамияти худро аз даст дода! – юнонийи дигаре бархост. – Мемнон аҳамияти он ҷангро ва ишғол кардани баҳру ҷазираҳоро хуб медонист. Чун нест Мемнон, нақшаҳояш ба мо тира аст... Фикр мекунам, чунин бори гаронро дўши Харидем бардорад.
Ғалмағал боло гирифт. Зери садоҳо Доро биандешид, ки чаро юнониён дар ин кор саҳм гиранд, порсҳо чизе нагўянд, баҳсу талош низ надоранд, касеро пешниҳод ҳам накунанд. Магар эроние аз андешайи шоҳ огоҳ гашт, ки иҷозайи сухан пурсид:
— Давлати Ҳахоманишиён пойдор бод! Дар хусуси сипоҳу сипаҳбадон ва сарбозони кироя ҳарфҳо мухталифанд. Ҳатто дар хусуси шодравон Мемнони сипаҳсолор. Ўро таъна мезаданд, ки хуни порсӣ надорад. Аз ин рў сипаҳсолориро ба ҳар кас бовар кардан амресг муҳол. Ҳоло хубтар аз шоҳаншоҳ лашкаркашеро намебинам. Зеро ҷуз дили Доро дили дигаре ба давлати бузурги Ҳахоманишиён насўзад.
Ва зиёдтар мағал шуд. Харидеми юнонӣ тоқат накард:
— Боз шарқигарӣ шуд! Ҳоҷати чунину чунон нест. Шоҳ бо давлатдорӣ машғул бошад. Хирман кўбидан на кори ҳар буз аст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор