Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Кори барзагов аст... – кафид шоҳ Доро ва гўш дод.
— Оре, шоҳам, ин матлабро гуфтанӣ будам... Ҷангу пархош кори низомиён аст. Хоҳиш мекунам, шоҳ Дориюш аз чунин андеша даст бикашад. Баройи пирўзӣ бар Искандари Мақдунӣ сад ҳазор сипоҳ кофист, ки сеяки он бояд зархаридони юнонӣ бошанд...
Пилтани юнонӣ напазируфт ҳарфи ў ва боз боло шуд:
— Харидеми юнонӣ шояд оварди мақдуниёнро бозӣ пиндорад, вале аз юнониёне, ки ҳам ба наъл мезананду ҳам бар пошна, эҳтиёт бояд шуд! Бале, бо сад ҳазор марди ҷангӣ пирўз омадан мусаллам аст, аммо бо лашкари пароканда ва гуногуннаҷод муҳол бувад пирўз омадан бар Искандар. Дар ин ҷанг тамоми Порсу порсиён бояд ба пой хезанд. Яктану якрой бошанд. Ҳар кишвару ҳар мулк ба сари худ халқу мамлакатро ҳимоя карда натавонад. Ва чунин яктаниро шоҳаншоҳ фаро оварда тавонад.
— Шумо нотавонбин ҳастед! – боз аз ҷой ҷаҳид Харидеми юнонӣ. — Шумо тарсуед! Порсҳойи хунхор!!! Куҷо дидаед, ки Доро овард карда бошад! Назди рўди Граника ҷангро Доро бохт!
Лашкар кашидану набард кардан кори ман аст!!!
— Бигиред ин хонашерро!
Доро, ки хашм гирифта буд ва наметавонист миёни сухани Харидеми юнониро бибуррад, чун губсари дамида якбора бикафид ва аз чунин худдорӣ кӣ будани Харидеми юнониро дарёфт.
Сарбозон дарафтиданд ба Харидем. Аҳли маҷлис ҳайрон буданд, ки чаро Харидеми юнонӣ чунин рафтору гуфтор кард. Доро талоши ў дида рўбоҳи зарди маккорро пеши назар овард ва худ ба худ суол кард, ки муроди ин гуреза чӣ буд? Дасту пойи ўро сахт дошта буданд, аммо даҳонаш боз буд:
— Завол пеш омада туро, шоҳи худхоҳ! Дар хунат оғишта мирӣ!
— Бикушедаш!!!
Ҳайрон буданд ҳамагон. Пасон ба хулоса омаданд, ки дар зарурат ҳоҷат ба баҳс нест.
БаНди ҲАФТУМ
Чун сипаҳсолори мувофиқ пайдо накард Доройи Кудумон,
бар дўши хеш бигирифт бори гарон. Ҷанги назди рўди Граника
сабақ шуда буд, ки бо сипоҳи андак разм раво набувад. Ба фаро
овардани сипоҳ пардохт: сипаҳбад Фарнабоз, ки андар баҳри Эгей
хоҷа гашта буд, баногоҳ рў ба рўйи хеш набераи Ортабоз – пури
Ментор – Фимондро бидид. Фимонд баъди салому паём номайи
шоҳи кабир Доройи III-ро ба ў боздод. Сипаҳбад чун нома бихонд,
ранг аз рўяш парид: дар нома омада буд, ки Фарнабоз қисме аз
сипоҳи хешро бифиристад ба ёрийи сипаҳсолори тозақирон Доройи
Кудумон. Фарнабоз дар дил написандид рафтори шоҳро, зеро агар муҳорибаҳойи баҳри Эгей суст шавад, лашкаркаши мақдунӣ, ҳама нерўйи хешро ба ҷанги Порс мебахшад ва андешайи бозгаштан ба баҳри Эгейро надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор