Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Чун арақи сард баровард, табиб дебойи ў иваз кард ва боз печонд ва то се рўз. Ларзаву таб аз тани Искандар рафъ шуд.
Вале дар чунин аҳвол пайк омад, ки Доро аз Бобулистон роҳ мепаймояд сўйи Суриё. Оташи фурўхуфтайи тани Искандар барангехт. Чун илоҷи рафтан надошт, сипаҳсолори пурдида Пармониёнро фармуд бо лашкари понздаҳҳазора он ҷо биравад ва роҳи душман бибуррад.
Пармониён ҳамроҳи сипоҳи Йусусу Мириандро гузашта, то ағбайи Байлан расид ва гўё садди роҳи душман гашт. Вале бехабар буд аз роҳи дигар, ки бо дарвозайи Амон мегузашт...
... Ва Доройи III бо ҳамин роҳи кўҳи Амон ба Суриё даромад...
Доро аз Мисопотамиё то Суриё роҳи зиёдро тай кард ва дар ҳамворийи Сохӣ хайма зад. Чун Дороро сипаҳсолори тозаҷилав медонистанд, сипаҳбадон ва ройсозон ва сарфавҷҳо мехостанд рой бидиҳанд. Аминтайи гуреза – пури Антиох ба саропардайи шоҳ омад ва хешро наздику ғамхор вонамуд карда, гуфт:
«— Сипоҳи бешумори Порсро ҷуз ҳамворийи Сохӣ ҷойи дигаре наметавонад ғунҷонад. Фавҷи саворон низ хубтар дар ин майдон ҷавлон мезанад. Зарурате надорад, ки шоҳи кабир худро нороҳат кунад.
«— Оре, Аминта, маро низ хуш омада ин манзил» – пазируфт сухани ўро Доро дар навбати аввал. Вале атрофиён ва мушовирон маслиҳати Аминтаро напазируфтанд ва ўро юнонӣ дониста луқма низ доданд, ки шояд шоҳу порсиёнро гўл бизанад.
«— На-а-а, бо чунин сипоҳи беҳисоб шоҳи кабир метавонад чун пил мушонро зери рафидайи хеш бигирад».
Ва Доро, ки дар ҳаваси зудтар помол кардани лашкари Искандар буд, натавонист осуда бошад. Бар гардунайи ҷангийи хеш биншаст. Кўҳу ағбайи Амонро паймуда ба рустойи Йусус омад.
Ҷой дар паси лашкари Искандар гирифт. Ва дарёфта, ки пештар аз ў лашкари мақдунӣ ин ҷо буда ва маъюбу маслухи хешро бозгузошта рафта. Доро нафрин ва истеҳзо кард эшонро ва хароб намуд. Пеш рафт то канори рўди Пинар ва мавқеъ гирифт.
Искандар огоҳ шуд аз омадани Доро, аммо бовар накард, ки лашкари Порс дар паси ҷабҳайи эшон ҷой гирифта бошад.
Аз дастайи «Дўстон» сӣ заврақ ба ҷосусӣ фиристод... Чу пайкон бозгашта хабари ростӣ оварданд, Искандар безобита шуд ва истихора раво надид. Ҷилави лашкар бозпас гардонд. Вале чун андар тангно тарсида буд, ҷосусу раҳбону дидбон пеш фиристод. Аз дунболашон дастайи саворон ва камонваронро роҳӣ кард. Ва чун донист, ки ағбаву тангно озод аст, лашкар кашид.
Шабҳангом ба ағба расид. Ва аз одати шабравиаш даст кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор