Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андар дили шаб нобаҳангом ҳамлавар шудани сипоҳи мақдуниро чашмдор набуд Арзам. Аз ин рў тоб наоварда рў ба гурез ниҳоданд. Искандар ҳайрон монд ва бовар накард, ки сипоҳи сершумор ва муқтадири Доро ба як ҳамла тоб наоварда бошад. Найранг пиндошт ва оҳиста шуд, ки ағбайи махуф ҳар чӣ зояд. Сабр кард то рўз. Ва дар равшанойӣ лашкари хеш миёни деворҳойи баланди сангӣ бидид, ки гулўйи кўзаро мемонд. Искандар пеш нарафт, балки ҳама сипоҳро фаро хонд ва шахнавардонро фармуд ба шахҳо бароянд ва тирандозонро гуфт дидбонӣ кунанд. Вале лашкар осон гузашт аз тангно. Шоҳи мақдунӣ, ки аз тангно хавфи зиёд дошт, баъди убур кардан оҳи сабук кашид. Зеро ҷое буд, ки порсиён метавонистанд сипоҳи румӣ андар тангно миёна гирифта, сангрез онҳоро нобуд созанд. Чун Искандар хавфи зиёд дошт ва осону осуда аз тангнойи пурхавф гузашт, базми шукрона орост рў ба рўйи майдони фароху хуррам.
Андар талу теппаҳо ва ёлаву бармолаҳо ҳавойи тирмоҳ ҳукмрон буд. Баргони дарахтон рў ба зардӣ оварда, заррин, симин ва мисӣ метофтанд ва аз миёни ҳамаи рангҳо ранги хуршед бармеомад, ки ҳар кадом ба қадри ҳол тамоми фасли гармо баҳра гирифта буданд. Ва Искандар аз хазони сол наҳаросид, балки баҳра мебардошт: «Тирмоҳи заррин».
Вале ҳавою ҳаваси тирмоҳ ўро омад накард. Девбоде, ки андар даҳанайи убургоҳ миёни сипоҳро гузашт, хору хасро ба сару тани шоҳ бизад ва ба чашмонаш хоку гард пошид, вуҷудашро кора кард.
Чун ба Тарс расид, эҳсос кард ноҷўриро. Табларза гирифт. Дар обу оташ месўхт. Месурфид. Табиби ҳозиқи хонадони шоҳ Файлақус ҳаким Димитриус муойина кард Искандарро ва ташхис намуд, ки вақти обтанӣ андар оби Кинд сармо хўрда. Чун Искандар ва табиб ба девбоду шайтанатбоду ҷинбод аҳамияту эътибор намедоданд, таъсири онро сарфи назар карданд. Вале Искандари зирак ёд дорад, ки ҳангоми убури тангно аз дили ў доми фиреби душман гузашт ва сангпару сангрези шахҳойи баландро бар сари сипоҳу сипаҳбадон дида, хаёлан анҷоми кор донист ва тарсид. Ва ҳаким Филиппи аракнонӣ низ надонад, ки бадтарин дард тарс аст.
— Дар фасли хазон обтанӣ беҳуда аст. Порсҳо гўянд: «Аз боди баҳор баҳра бардор, аз боди хазон худа нигаҳ дор!»
— Пас аз об нест, аз бод аст?
— На, Александр... Бод ҷўрайи об аст. Об тар мекунад, бод кора. Худи ту ёд додӣ ба сарбозон, ки дар биёбонҳойи гарм латтайи тар ба шишайи обдор печонанд ва ба бод доранд, серун шавад. Тани инсон низ мисли шишайи пуроб аст: аз андак сармо шиканад, аз андак гармо тафсад. Аноргир медиҳам туро...
Искандар пазируфт гуфтаҳойи ҳакимонайи Филипп ва оби аноргири ҷўшондаро гармогарм бихўрд. Табиб сахт печонд ўро ба дебо ва аз рўяш дам андохт... Муддате баъд Искандар аз нафаси гарми хеш тафсид ва аз арақ тар шуд.

пешина
аз 390
навбатӣ