Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Сарлашкар Пармониён савори Саманд, ки ба назараш хушрўтарин асби рўйи Замин бувад, наздики Искандар омад, вале ба ҳаракатҳояш халал нарасонд. Ҳанўз шоҳ даст бар чашмон лапар карда ба дуродур менигарист. Искандар омадани сипаҳсолорро бо гўшайи чашм дид, вале эътибор надод, то чӣ гўяд. Ва ў низ намехост халал бирасонад шоҳро.
— Маслиҳат чист, сипаҳсолор? – баъди зиёд мунтазир шудани Пармониён пурсид шоҳ.
— Ҳар чӣ шоҳ фармоянд...
— На! Бигў андешаатро!
— Умри шоҳ дароз бод! Ин ҷанг на мисли ҷангҳойи дигар аст.
Ва то ҳанўз лашкари Рум бо лашкари Порс ҷанг накарда. Ҷанги ҳақиқӣ имрўз бояд бишавад. Мо дар кам ҷо дирафши Мақдуниёро бардоштаем, дар баъзе набардҳо шайпур навохтаем...
— Зарур аст магар? – сари забони ўро гирифт шоҳ.
— Оре, шоҳ! Шарти майдондорӣ ин аст. Рўҳи сипоҳро мебардорад!
— Қабул, сипаҳсолор... Ба сипаҳбадон бифармо аз доманайи кўҳ то лаби дарё ҷабҳадорӣ бикунанд – саф бикашанд... Чунин бошад, ки на танҳо душман, ҳатто тир нагзарад.
Ҳамчунон шуд: дар сафи пеш пиёдагон, аз паси он саворон ҳамвориро фаро гирифтанд. Майманаро аз буни кўҳ кашида фавҷи пиёда ва сипардорон ишғол карданд, ки писари Пармониёни сипаҳсолор Никонор сарварӣ мекард. Паҳлўйи ў Кени пури Полемократ
1 буд. Баъд таксис Пердиккайи Орестидийи ҳамсафари Искандар
23 ҷой дошт. Фавҷи саворони этерҳо, фессалиҳо ва муттафиқон ҳамаро ҳимоя мекарданд, сарфармондеҳийи майманаро шоҳ Искандар ба ўҳда гирифта буд... Майсараро аввал таксиси Аминтайи пури Андромен, баъд Битоломуси шоҳзодайи мисрӣ, пасон Мэлеагри писари Неоптолеми сарфавҷи сарбозони мақдунӣ фаро гирифта буданд. Ва фавҷҳойи майсараро яке аз ҳамсафарони Искандари мақдунӣ Кратер сарварӣ мекард. Пармониён роҳбар ва сарфармондеҳи умумийи лашкар буд. Ва Искандар сахт таъкидаш карда буд; ҳушёр бошад, то ба гирдоби «барбар»-ҳо наафтад, зеро порсҳо ба адад бешуморанд... Ва Искандари боэҳтиёт бо машварати пири сипоҳ Пармониён раддайи дуввуми ҷабҳа сохт: дар доманаву хамиҳойи кўҳ, лаби баҳр ва обканҳо дастаҳойи эҳтиётийи саворон, пиёдагон, тирандозон ва қабилаҳойи агрианиро пинҳон дошт, то дар ноомади кор ба кор ояд.
- Таксис – фавҷи пиёда.
- Этер – дўст, ёрони наздик.
- Муттафиқон – фавҷи «Дўстон» «Союз».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор