Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Сипоҳи румӣ аз лаби об то дами кўҳро саросар гирифта буд ва ин бор дар лашкари Искандар дирафши зардранги мақдунӣ парафшон буд. Банизом, омода ва ҳушёр буданд...
Искандари Мақдунӣ маҳмез зад Бусефалро ва андаке пеш рафт, в-онгаҳ сари асб гардонд. Рў ба рўйи сипоҳ ҷилав кашид ва хитоб кард:
— Сипаҳбадон ва сипоҳиён! Худоён низ ёру мададгори пирўзанд. Сипоҳи ба пирўзӣ одаткарда шикастро дўст надорад.
Сипоҳи ба шикаст одаткарда дар ҳама овардҳо гурезон шавад, гурезро раҳойӣ донад ва ё ҳимояро пирўзӣ... Сипоҳи мақдунӣ шикастнопазир аст! Зеро ҳар фарди мақдунӣ, ҳар фарди юнонӣ Ватанашро дўст дорад ва лозим ояд, ҷон диҳад! Дар ин сафар шоҳиди гуфтугуйи ду духтари юнонӣ будам. Яке аз дигаре мепурсид: «Кўҳи Олимп баланд аст ё ин кўҳҳо?» Дигаре посух дод:
«Кўҳҳойи Олимп. Зеро дар дунё аз кўҳи Олимп баландтар кўҳе нест». Ватандўстиро аз ин духтарон бояд омўхт! Поянда бод Мақдуниё! Поянда бод Юнон!!!.
Лаҳзае баъд сипоҳ садо дардод:
— Поянда бод! Поянда бод!! Поянда бод!!!
Ва Доройи Кудумон аввалин бор ба ҷанги рўёрў омода мегашт.
Ҷанги соҳили рўди Граникро ҷанг ҳисоб накард ва он шикастро низ шикаст надонист. Тасодуфӣ шумурд. Пархоши навбатиро майдондорийи ҳақиқӣ медонист. Зеро ин набард бо ҳама расму русуми ҷанг оғоз ёбад: бо парафшонийи дирафшҳо, садойи таблу карраной ва рў ба рў омадан...
Сипоҳи Порс андар обканду мағокҳойи соҳили Пинар ва хандақҳойи кандайи хеш ҷой гирифта, вақти саф оростан дар марзи ноҳамвор душворӣ мекашиданд. Онҳо мунтазир буданд, то лашкари мақдуниву юнонӣ пеш ояд.
Доройи III подшаҳон ва сипаҳсолорҳо ва ялони машҳури Порсро – аз Каюмарс то Куруши Кабиру Дориюшу Ардашерон ёд овард ва фармуд сипоҳ саф орояд.
1 Дар сафи пеш сӣ ҳазор гоплитҳойи зархарид ва аз ду канори
2 онҳо шаст ҳазор кардакҳо ҷой гирифта буданд. Дар дамгаҳи кўҳ муқобили майманайи душман шоҳ Доро бист ҳазор пархошгаронро ҷойгир кард ва фармуд хам-хами обканду камарҳо, номаълум ба паси лашкари адў бигзаранд. Ва қисме аз онҳо чунон карданд, ки душман ноогоҳ буд. Доро низ чун Искандар шитоб надошт дар ин овард. Зеро шабохун задан, найрангу маккорӣ набуд дар ин ҷанг. Мардонагӣ, зўри рўёрў ва ҳунари ҷангӣ ба кор мерафт.
Сарбозони мусаллаҳи боқимонда ва гоплитҳо гурўҳ-гурўҳ, қабила-
- Гоплит – пиёдагони мусаллаҳ.
- Кардакҳо – сарбозони пиёдайи чун мақдуниён дарси ҳарбу набард омўхта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор