Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Як тирпартоб дуртар аз талояйи порсӣ бозистод сипоҳи румӣ.
Искандар ямину ясорро давр гашт, саросар сипоҳро аз назар гузаронд, рўҳи сипаҳсолору сипоҳро бардошт ва баргашта ба маймана рафт, ки сарварийи боли тавонойи лашкарро бар дўш дошт.
Сипоҳи Порс низ омода шуд. Рў ба рўйи лашкари румӣ ҷавонмардӣ ва фаросат нишон медод. Бўқу кўсу дуҳулу карраной омода сохтанд ва дирафши бунафш дар радифи дирафши зард сўйи кўҳ парафшон буд. Садойи карраной баромад аз ду самт ва оғози новардро дарак дод. Бўқу кўс низ садо доданд ба ишорайи гом задан. Садойи баланди сарбозон баромад ва акс бар кўҳ андохт, ки тамоми халқи олам овоз бардошта бошад.
Ҷанги каснодиду касношунид сар шуд. Искандар чун ҳамеша ҳамлайи фавриву ногаҳонӣ кард ва сипоҳи Доро аз хандақҳо, обканҳо ва хамиҳо чун мўру малах рехтанд. Он қадар зиёд буданд, ки пеши роҳи ҳамдигарро бурида, халал расонда мушкилоте ба миён меоварданд. Ва мешуд, ки тирҳойи андохтайи эшон ба душман нарасида ба сари ёрони хеш мерехт, захмӣ мекард, мекушт, ба рафти овард монеъ мешуд. Ва вақте ба ҳамдигар омехтанду овехтанд, бесарусомонӣ ба миён омад: гурзу жўпину найзаву шамшери порсӣ ба сару синаву камару бозўйи сипоҳи Доро бармехўрд.
Зеро ба як сарбозӣ румӣ чанд сипоҳи порсӣ дучор омада буд ва наметавонистанд разми тан ба тан бикунанд. Кор то ҷое расид, ки Искандару Пармониён ба пархоши қалби сипоҳи Доро чандон аҳамият надода, ки худ чу гирдоб сархўрӣ кунанд, нерўйи асосиро ба майманайи сипоҳи хеш дод, ки порсҳо аз тангийи мавқеъ фавҷи саворонро ба қалбу боли росташон гузаронда буданд ва майсараро ба ҳоли кардакҳо вогузоштанд. Кардакҳо андар майсара ба оварди вазнини Искандар тоб наоварда, ҷувозак шуданд ва сарчарх гашта, надонистанд дўст кисту душман кист. Чунон буд, ки сипоҳи Порсро афсуну ҷоду карда бошад. Мақдуниён майсарайи лашкари Дороро рахна заданд. Кардакҳо андешайи фирор доштанд. Аммо юнониёни зархарид, ки бо мақдуниён душманийи дерина доштанд, тан ба шикаст надода пархош мекарданд ва фавҷи душманро ба танг оварда, тела ба рўди Пинар мекарданд. Чун Искандар ҳама ҳушу ёд ба ин мавзеъ дода буд ва ҳалокати адўро аз ин боли нимшикаста медонист, суст наомад. Сутурони фавҷи румӣ пешипо ба мурдаҳо хўрда ва майиту нимбисмилҳоро сум зада, ба сари зиндаҳо сайҳа мекашиданд. Искандарро қаҳр боло шуд ва ба юнониён хитоб кард, то коре кунанд бо ҳаммиллатони хеш, ки рўзгор надида бошад. Юнониёни асилу ватанхоҳ ҷанги ҳаштраддайи хешро истифода бурда, бо синонҳойи дароз пеш омаданд, ки сарбозони кирояйи юнонийи порс бо жўпину сипару ханҷарҳойи кўтаҳ коре карда натавонистанд. Сипоҳи пиёдагарди юнонӣ чандин сол аст, ки чунин овардро тамрину ҳарбак мекард ва бори дуввум аст, ки дар ҷанги рўёрў ба кор мебарад: боре дар назди рўди Граник ва ҳоло дар лаби рўди Пинар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор