Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кардакиҳо рў ба гурез оварданд ва Искандар аз дунболи эшон тохт. Дар овардгоҳ хун ба хоку хун ба об омехт. Гарди замин ба осмон хест. Пеши хуршедро пардайи хокистарранг гирифт. Асб ба асб, одам ба одам, ханҷар ба ханҷар, сипар ба сипар, шамшер ба шамшер, нафас ба нафас, зиреҳ ба зиреҳу ҷавшан ба ҷавшан, даст ба даст, инон ба инон печида буд ва нигоҳҳо чашмони якдигарро бадтар аз теғу синон сўрох мекарданд. Рўзи маҳшар буд.
Пинар рангин гашта буд. Мурда мебурд. Мурдайи асбон, мурдайи одамон; мурдайи ватандорон, мурдайи марзҷўён, мурдайи онҳое, ки марзу бум ҳимоя мекарданд, мурдайи ононе, ки ба зарру мол ҳастийи хеш фурўхта буданд ва баройи онҳо фарқ надошт, ки бо кӣ меҷанганд, киро ҳимоя мекунанд: гўр сўзаду дег ҷўшад.
Ва Пинар ин мурдаҳоро ба баҳри Миёназамин мебурд ва худро ҳалолу баҳрро ҳаром мекард.
Ва ин ҷо дар майманайи порсҳову майсарайи душман кор ранги дигар дошт. Лашкари Доро рахна зада буд сафи ҳаштраддаи Пармониёнро. Андар соҳил фессалиҳо ҳуҷуму ҳамлайи сахти фавҷи саворони Набарзанро баргардонда натавонистанд. Чун Набарзан ҳама саворонро ба маймана ҷой дода буд, нерўйи аз андоза зиёд бо дастаҳойи сипаҳсолори юнонӣ Пармониён меҷангид. Пармониёни набарддида ва пархошгар, ки ҷангро писанд надошт, аз оварди сахти порсҳо музтарибҳол гашт. Ва чун донист, ки Искандар аз ў канда шуда аз дунболи кардакихо рафтааст, парешонтар шуд.
Сарҳанги порсӣ Набарзани диловар бифармуд шамшерҳойи охтаро ҷавлон диҳанд. Шамшерҳойи фўлодӣ шуоъйи Офтоб баргардонда, ба чашми душманон мезад ва онон ин чизро аз худойи барқ Зевс дониста, фоли бад меҳисобиданд ва ҳазимат карданд.
Бесарусомонӣ ба миён омад. Гўё баҳри дамон рўфта бурд фирориёнро. Асбони сарҳўй ва саворгумкарда байни паёдагони гурезон сайҳа кашида, ёл афшонда ва ҷуфтак зада, хўсону пуризтироб метохтанд, то ба дасти одамӣ наафтанд, ки боз ҷонашон дар азоб мемонад ва то мурдан пошна мехўранд. Пиёдагон ҷойи гурез надоштанд; ба об мезаданд, ба теғу гурзу жўпину шамшер ва дашна дучор меомаданд; сарашон чун себча мепарид ва миёнашон чун хиёр дуним мешуд аз зарби шамшери тез. Гурзҳойи говсар сар мекафонд, найзаҳо ҷон меситонд... Ва қисме аз саворони фессалиро асбони тезтакашон наҷот дод. Онҳо лаб-лаби баҳр фирор карданд. Набарзан чунин ҳолро пирўзӣ дониста, ҳазиматиёнро дунболагирӣ накард. Ва баройи он ки пушти новард сард нашавад ва фавҷи савор аз шасташ нагардад, Набарзани сарфавҷ бифармуд ҳамла оранд ба қалби сипоҳи душман. Ҳамчунон шуд: Набарзан ба кўмаки Доро расид ва даровехтанд ду сипоҳи пуриқтидор ба ҳам.

пешина
аз 390
навбатӣ