Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Шоҳ Доро яқин кард, ки овард чунин бошад, пирўз хоҳад шуд ва бонг зад: «Ай порсиён, ай эрониён, магузоред, ки пойи номуборак хоки мукаддасро поймол кунад!» Ва сипоҳи Порс чунон ҳамла овард, ки қалби лашкари мақдунӣ ду дарид. Дар ин пархош шуҷоати зархаридони юнонӣ аз хидмати порсиён кам набуд. Доро худ рафт ба қалбгоҳ, вале надонист, ки гардунааш чун ба ин дарайи зинда, вале махуф ворид шуд.
Чун огоҳ шуд Искандар аз гирўдор, таъқиби кардакиёнро бас кард ва ҷилави Бусефал баргардонда, рў овард ба ҷўши ҷанг. Гумон надошт, ки Пармониёни далер ва пархошгар шикаст хўрад.
Вазъро нобоб дарёфт шоҳи мақдунӣ ва ҳамлавар шуд аз паси сипоҳи Доро. Дар миёни обу оташ Дороро меҷуст, то дарёбад ва интиқоми дусадсолайи румиёнро биситонад. Искандар воқиф буд, ки бояд шоҳи Порс чун анъана андар миёни тўда бошад.
Ва шамшери ахиллӣ ба кор бурда, бо ҳамон кўчабоғи зинда, ки Доро қалби лашкари мақдуниён дарида, рафта буд, пеш рафт ва Дороро як сару гардан баланд, тори гардуна дид. Гардунайи шоҳро дастайи саворон, ҷондорон ва наздикон ҳалқа гирифта буданд. Доро хабардор набуд аз омадани Искандар, вале бародари шоҳ Оксафр аз ҳамлайи ў воқиф шуд. Бо фавҷи савораш барқосо пеш омад ва роҳи Искандари пархошҷўро бибурид. Аввал миёни Искандар ва бародари шоҳи Порс Оксафр оварди сахт шуд ва ин ҷанг тавонист Дороро аз омадани Искандар огоҳ гардонад ва ба набарди ў омода бошад. Оксафр дошт надод ба ҷанги Искандар.
Пас нишаст ва худро ба дастайи шоҳӣ зад. Ҷондорони Доро ва асилзодагони наздики ў – дастайи хоса корзор карданд. Доро гўйӣ пой дар гардуна часпонда ва қомат ёзида ба дур шамшер мезад ва тани рўйини ўро тиру найзаву синон кора надошт. Саропо зиреҳпўш буд, бозубанд ва сойидгири рўйин дошт. Гурзе бизад ба қурси гардунааш ва шикаст. Гардунааш ба як тараф хам хўрд. Доро ба зини асб бипарид ва шамшер бизад, ки ба шонайи Искандар расид.
Искандар чун хирси захмӣ биғуррид ва ба сони мори захмгирифта ба андеша ва кину қасос даромад. Пархоши каснодида буд: ду шоҳ мисли хирсу сайёд чашм ба чашм шуданд, вале кадоме сайду кадоме сайёд, муайян набуд. Искандар, ки то имрўз чунин ҷангро надида буд ва ҳаёт ё мамот гўён овард мекард, захми андаки шонаашро эҳсос ҳам накард, вале Клит дид, ки нўки шамшери Доро каме ҷавшану хафтони Искандарро чок карда, ки хун метаровад... Ва шамшер мезад маликуррум. Ба атрофиён эътибор намедод ва ҳатто гумон ҳам надошт, ки теғе бирасад аз пасу паҳлў.
Ва якбора садо дардоданд сарбозони румӣ, ки вақти кардакиёнро зарба задан чунин овоз бароварда буданд. Овардгоҳро воҳима андохтанд. Аз сафи ҳаштраддайи онон нишоне намонда, пиёдагону саворон омехта набард доштанд ва худиву бегонаро фарқ кардан душвор буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор