Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вале захми сари шона безобита кард ўро, хеста нишаст. Ба ҷанг на, ба Доро на, ба кирдори хеш на, ба табиб хашм гирифт, ки бедор кард захми хуфтаро. Вале фарёд накард аз зуъм Филиппро, ки ҳамроҳи пардадор паси дар меистод. Ва баройи он ки дардро сарфи назар бикунад, шоҳони Порсро, фаросат ва бузургиву маданияти эшонро тасаввур кард ва инчунин қойил омад, ки румиён беҳуда «барбарҳо» номида ононро. Дар ҷўши ҷанг шоҳи Порс чизеро фаромўш накарда, то фарри шоҳаншоҳиро наҳ назананд. Ҳавас кард тахти порсиро, тоҷи онро. Вале Доро бо худ бурда буд сару либоси шоҳӣ. Либоси фохира ва тоҷи мурассаъ, ки муносиби зиннати саройи зарнигор бувад, пайдо набуд. Искандар хешро шоҳи Порс тасаввур кард дар танҳойӣ. Пас дарёфт, ки чизе намерасад баройи шоҳи Порс будан, хуб аст, агар шоҳи Мақдуниё бошад.
Баҳр мавҷ дошт ва садойи ба соҳил бархўрдани он меомад.
Тани хастайи ўро таровати оби дарё мефорид. Ёдаш рафт ба об, вале аз захм тарсид. Яқин Филипп паси дар аст ва нагузорад ўро ба дарё рафтан.
— Иҷоза ҳаст? – сар хаста аз дари пардасарой пурсид сарбози ба хаймайи шевангарон рафта.
— Бифармо!
Сарбоз даромад ва пардадори ҳамроҳи ў омада башорат овард:
— Шоҳо, он ҷо модари шоҳи Порс Доро, зани ў, духтаронаш, пури кўчакаш ва канизакон шеван доранд.
— Шеванашон аз чист?
— Ба марги шоҳ Доро мегирянд.
— Магар мурда шоҳ Доро?
— Онҳо чунин шуморанд.
Искандар бозпурсӣ накард, балки ба андеша рафт ва дарёфт, ки на танҳо пардасаройи зарнигор ва зару хоста ва ё ғаниматҳойи дигар, балки кулли мулку сарвату доройийи порсиён ғанимат афтода. Шодмонӣ дошт дар замир, аммо ҳувайдо намесохт, бурдбор, ботамкин ва хешро дидаву доро вонамуд мекард.
Аммо сарбозу пайк чашмдор буданд, ки шоҳ зану духтарони Дороро талаб хоҳад кард. Шоҳи ҷавони гармхун, ки баъди ҳар пирузӣ ба базму майгусорӣ мепардохт, ҳаваси гетерҳо мекард, қурбонӣ мефармуд, ором нишастанаш муҳол аст, бояд биталабад шоҳзану шоҳдухтаронро. Аммо Искандар ғайричашмдошт дигар чиз фармуд:
— Писари кўчаки ўро биоваред!
Ва сар фаровард афсар, вале ҳама ҳайрон буданд.
— Кўдак ба чӣ кор ояд, шоҳам?
Искандар хандид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор