Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Биоваред, пасон содагиатонро хоҳед фаҳмид... Ман мехоҳам ба сурати шоҳзода бинигарам.
Афсару пардадор бирафтанд ва Искандар чун шоҳи ПОРС кафҳо ба ҳам кўфт. Посбони дигар ҳозир шуд. Искандар фармуд:
— Сарраммол Аристандри Талмосиро пайдо бикунед.
Ва он сў аз хаймайи лаби баҳр он қадар садо боло шуд, ки Искандар тоқат наоварда аз пардасаро бурун омад ва гўш ба садоҳо дод. Шеван доштанду дашном; зери мўя гўя мекарданд ба таҳқиру дашном, ки омадаҳо мулки онон хароб кунанд ва зану фарзандон бикушанд.
Ва кўдакеро оварданд ҳамроҳи зани зебо. Искандар дар партави моҳ чӣ зан будани ўро пай бурд. Қомати расо дошт, пайкари наҳиф ва дурраву абрў. Искандар ба кўдак чандон эътибор надод, ба зан ҳам чизе нагуфт, ба афсар рў овард:
— Гуфта будам, ки кўдакро биовар, занро низ овардӣ?!
— Шоҳам, чунон хостам, аммо зан фармуд, ки кўдак бе ў наравад.
— Модараш? – пурсид Искандар.
— На! Хоҳараш! – посух дод зан. Искандар тааҷҷуб кард ва боз пурсид:
— Аз куҷо забони юнонӣ донӣ, зан?
— Ман бонуйи Порс будам ва дар рўҳи порсиву юнонӣ тарбият гирифта.
— Бону будӣ ва ҳоло кӣ ҳастӣ?
— Духтари шоҳ!
— …
— Бале, духти Доро... Гулгун...
Искандар дигар чизе напурсид. Бонуро ба саропарда хост.
Кўдак фаромўш шуда буд. Ў паси хайма гузашт ва бирафт... Зери нури хирайи шамъ ҷамоли хуши занро хуб фарқ накард маликуррум. Ва ба таҳлука даромад, ки чун хиргоҳро равшантар гардонад. Гулгун, зани зебойи Ардашер ва писари ў Ардашери III баробари ҳусну ҷамоли худодод фаросати фитрӣ низ дошт. Ў, ки чунин саропардаҳоро хуб медонист ва медонист, ки шоҳи Порс дар чунин торикиҳо буда наметавонад, шамъи фурўзон бардошт ва дар чанд бурҷи саро дошт ва машъалҳо фурўзон гардонд, чу рўз равшан шуд пардасаро. Искандар таъзим кард пеши зан, зеро дар равшанойӣ зебоийи бонуро хуб дида буд, вале чунин рангро надида буд. Гандумгун буд Гулгун. Сақфи синайи баланд, гардани баёзи таранги бечин, манаҳи кўтоҳи ширин, лабҳойи ақиқини ба минқори кабки дарӣ монанд, дандонҳойи радда, бинийи хурди нўгборик, чашмони мешийи барқпош, мижгони дароз, абрўвони камоншакли сиёҳ, пешонийи фарох, мўйи қиргун ва гўшҳояш зери гесўйи тару хуб шоназада пинҳон буд. Искандари гармхун ҳама чизро қурбон карданӣ буд ба қадами чунин зан. Ва ҳатто аз дил гузаронд, ки бевайи душманонаш бошад ҳам, зани ў шавад.

пешина
аз 390
навбатӣ