Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Бону, ин калиди дилҳойи баста аст ё калиди ин сандуқ?
— Ё ҳарду. Агар бо ин калид маданги сандуқ кушода гардад, пас қуфли дилҳойи баста низ боз хоҳад шуд.
— Салламно! – фармуд Искандар ва калидро ба бону ёзид:
– Дасти одаткарда бояд ин қуфл бикшояд.
— На! Қуфлкушойӣ кори мардон аст! – лутф кард Гулгун ва шоҳи ҷавон ба маънийи лутфи ў расид, ки хандид. «Ҳар ҷо ганҷ ҳаст, море низ ҳаст» аз дил гузаронд ва тасмим гирифт, накушояд мадангро: – «Хоҳиш дорам, Бону бикушоянд».
Ба ишва гирифт Гулгун зарринкалид ва бурд ба сўрохи маданг.
Биандохту тобид. Тоб нахўрд мифтоҳ. Нигарист ба Искандар ва фармуд:
— Нерў кифоят накард. Пас қуфлкушойӣ кори зан нест.
Искандар рост гумон кард ва сари по нишаста калиди маданг тоб дод. Маданг ду-се данг-данг кард ва боз шуд. Шоҳ дарёфт, ки ҳарфу зўри бону дурўғин буд; қасдаш ин буд – шоҳ кушояд қуфлро. Паҳлў гашт, рў овард ба Гулгун ва гуфт:
— Акнун бону боз кунанд сарпўши сандуқ!
— На. Ганҷгирӣ се зина дорад: даршиканӣ, қуфлкушойӣ, сарпўшбардорӣ. Чун даршиканиву қуфлшиканӣ кори дуздон аст, калидро ба шоҳзода додам, қуфлро кушоянд, на шикананд... Бифармоянд!
Шоҳ хавф бурд, ки чаро бону зиёд мехоҳад ў сандуқро боз кунад. «Ё морест даруни сандуқ ё чизи дигар, ки баробари кушодан касро кўр ё беёд кунад.»
— Ганҷдор шумо ҳастед, бону. Ба кушодани қуфл найранг кардед, рост гумон кардам. Инак бигушоед сарпўшро ва ҳар чӣ хоҳед аз хазинаатон ба меҳмон ва агар хоҳед, домодро бахшед.
Гулгун дигар илоҷи гурез надошт. «Ба чашм!» гуфт ва оҳиста сарпўш бардошт ва дандонаҳойи ба комаҳойи зер фурўрафта садойи паст бароварда боз гаштанд. Сарпўшро пушт партофт бону ва баргашта ба шоҳ рў овард:
— Моли шумост!
Искандар дар сандуқ на зару хоста, балки латта дид. Дилаш фурў рафт: «Агар мор буд, хубтар буд» аз дил гузаронд ва саросема дебойи сапедро бардошт ва аз нури шамъ чизакҳойи рахшон ба чашмаш бархўрд. Умеди некӣ омад ба дилаш.
— Инак хидмат аз хидматгузор аст, шоҳзода! – гуфт Гулгун ва ҷомайи фохира бардошт аз сандуқ, ки мурассаъ ва муаккал ба зару зевар буд. – Маликуррум иҷоза фармоянд?
— Оре! – хандон гуфт Искандар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор