Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

аз зоти сутурон тобад. Зеро ҳар гоҳ, ки мақсади олиаш – Оби Ҳаёт ва бемаргӣ пеш ояд, аз баҳри ҳама чиз даргузарад; хароб кунад, кушад, сўзад, бирабояд. Вале ғаши тоҷирдухтар аз Гулгуни духти Дорост, ки Искандар шаборўз аз ў ком бардошта, пушташро сард гардондааст ва аз ин рў надорад парвойи ў.
— Магар қатли шоҳдухтарро шунида омадӣ? – қасдан чунин суол кард Искандар.
— Магар шоҳдухтарро қатл фармудӣ? – худро баҷову пинҳон доштанро аз хотир бароварда посух дод Тойис.
Ҳамин чиз лозим буд ба Искандар, то донад, ки садо аз куҷо ояд ва худро он ҷо андозад. Вале ин корро накард. Чун донист, ки гетер дар куҷост, оҳиста хазид, то натарсонад ўро. Хазиданҳойи шоҳ низ морона буд. Ва гўё ҳар ду як ранг рафтор доштанд, то чун ду мор ба ҳам печанд. Зеро борҳо шуда чунин: ду тани бараҳна печидаанду часпидаанд. Ва ҳоло рўз наздик, ситорайи Корвонкаш тори сарочайи эшон аст, бараҳнакорӣ накунад. Чун хазиду наздик шуд ва нафаси духтарро эҳсос кард, пўшиданӣ бадар накарда худро андохт бар ў. Тойис ин лаҳзаро нигарон буд, ки сахт дошташ ва ҳама таънаву кинояҳоро фаромўш кард, ҳатто зиндаву мурдайи шоҳдухтар Гулгунро. Сараввал кори одатиашро кард шоҳ: бо ду даст миёни борикашро қабза гирифт, тағйироте нест. Ҳамон зайл борик, мўрона ва таранг. Искандар чунин гетери камарборикро, ки дар ҳақиқат ҳама ҷояш мўрона аст, надида.
— Ту ягонайӣ, Тойис!
— Ту низ! – гуфт духтар ва якбора фикре ба сараш зад, ки дар бистари душман мехобад, дасту пояш суст шуд, тани тарангашро суст кард низ ва хост ҳамин афодайи «бистари душманро» гўядаш ва пурсад: «шарм надорӣ, ки андар ҷойгаҳи душмани ашаддиат шоҳона зиндагӣ бикунӣ?» Вале натавонист бипурсад, зеро феъли ўро овардан зеб надошт. Дигаргуна гуфт:
— Александр, ман тарсам аз ин хайма.
— Чаро?
— Ба назарам бегона тобад ва хаёл кунам, ки мору каждумҳо хазанд.
— Баройи он ки ман ҳам, ту ҳам морона хазида бар бистар шудем ва дар ёдамон ҳамин чиз монд... чунон ки гуфтӣ, ба назарамон тобад.
— Надонам баройи чӣ, лекин ҳис кунам, ки дилам ғаш дорад. Бегона. Мулк бегона, ҷойгаҳ бегона... Шояд дар бистарҳойи шоҳона зистаем...
— Ин рахт низ шоҳона аст.
— Аз они мо нест...
Дар замир хушҳол гашт Тойис, ки мақсадашро гуфт. Искандар низ дарёфт, ки таъна занад тоҷирдухтар, вале худро ба гўлӣ зада посух надод, балки нигарон истод, то боз чӣ гўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор