Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале чашмаш лағзид ба баҳри бекарон ва донист, ки дунё аввалу анҷом надорад. Ва баъд нигарист ба ёнаву ёлаҳо ва дарахтонро дид, ки баргонашон ҳафтранг метобанд, ба хусус рангҳойи арғувониву зард, ки миёни сабзрангҳо зебо менамоянд.
Аз ду канори шоҳ Искандар бар тахти сангӣ нишаста буданд сипаҳсолор Пармониён бо писаронаш ва сипаҳбадон ва ёрони малик. Вале шоҳзодайи мисрӣ Битоломус набуд қатори онон. Ў хавф кашида буд аз кори онрўза, ки Тойисро аз назди саройи шоҳӣ рабуд, вале боз раққосайи соҳибҷамол назди ў баргашт. Ҳарчанд миёни Искандару Тойис дар ин хусус ҳарфе нашуда, шоҳзодайи мисрӣ нам мекашад чу девор.
«Дар чунин мавзеъ Искандарӣ насохтан гуноҳест азим.» Аз дил гузаронд ва чашм чаронд ба ҳамаву ҳама ҷо. Кўҳи баланд, ҳамворийи васеъ ва баҳри бекарон.
Хумҳойи шароб меоварданд. Гўшае ширинкорон ҷой гирифта буданд, ҷое мутрибон ва раққосагон ва сарбозон ҳалқа-ҳалқа то лаби баҳр нишаста буданд. Зиёдтар аз ҳама Коллисфени таърихнигор ба ваҷд омада буд аз чунин манзара, ки ҳодисаву корҳойи фавқулоддаро бештар дўст медошт ва зикрашонро хуш дошт. Вале пурташвиш буд, ки чун ҳашамати ҷанги дўшин ва рафторҳойи имрўзайи шоҳ Искандарро қаламдод бикунад.
Искандар боло шуд бар тахти сангӣ. Дар теғи офтоб, ки рў ба баҳр буд, Коллисфен шоҳи ҷавонбахти барбастаро хуб дид, равшан дид, ки чӣ ҳусне низ дорад: ҷаъдмўй, ростбинӣ, тезчашм, ялгардан, суфтафарох, баландсина, миёнақомат. Шукўҳи лашкаркашӣ дорад, аммо ба шоҳӣ чизе намерасад: фарр... Нерўманд, қавигуфтор ва бисёрмағз низ ҳаст. Ва гуфтор кард:
«Сапаҳсолору сипаҳбадон! Сипоҳу сарбозон! Дўстон! Хидматгузорон! Ва ҳозирини мўҳтарам! Коре, ки шумо кардед таърих мислашро надида! Сипоҳи Порс лашкари Румро дар хонааш мағлуб карда буд ва кам касон эътимод доштанд, ки лашкари Рум сипоҳи Порсро низ дар марзу буми ў шикаст бидиҳад. Сипоҳи Порс андак набуд, вале рўҳи шикастанӣ дошт ва бовар ба шумор. Рўҳи ношикастанийи шумо пирўз омада бар афтодарўҳийи порсиён!
Хуҷиста бод пирўзийи мақдуниён, юнониён!...»
Ҳама ба по шуданд, мушт бар фалак зада такрор карданд:
«Хуҷиста бод пирўзийи мақдуниён, юнониён!!!»
Искандар Эвмени хазинадорро пеш хонд, то дурусттар гўш диҳад ва баланд гуфт:
«Ҳозирин мувофиқи рутба, вазифа ва корнамойиашон бо зари порсӣ мукофотонида шаванд!... Май резед, тарона хонед, бирақсед!»
Ва базм оғоз ёфт...
Ва соате буд, ки парер ҷанг оғоз ёфта андар соҳили Пинар.

пешина
аз 390
навбатӣ