Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гумон надорам, шоҳ... Моргазида аз ресмони ало тарсад.
Муқобилати ў дур напояд. Андаке зўр ояд, боз фирор кунад. Ҳазимат одат шуда ўро.
— На, сипаҳсолор, ба ман чунон намуд, ки гурги борондида тобад...
— На, шоҳ... Ў тарсуст. Ҷангнадида... Иттилоъе, ки ман дорам, тасодуфан бар авранги шоҳӣ нишаста.
— Оре, иттилоъ чунин аст, сипаҳсолор, вале мо аз найранги Шарқ огоҳ нестем.
— Чӣ гуна найранг?
— Шарқиён барраро бо алаф, кўдакро бо ширинӣ, занонро бо хушгўйй, пиронро бо масал, меҳмонро бо лутфу меҳрубонӣ ва сарбозро бо зар фиреб хоҳанд кард.
— Ҷавонмардону далеронро чӣ?
— Бо ҳиммату ҷавонмардӣ...
— Пас чӣ гуна мо пирўз омадем бар эшон?
— Ҳанўз пирўзӣ нест, шоҳ. Мулки Порс фарох аст ва бузург, мо бояд ба каронаҳойи ў бирасем... Ба баҳр нигар, шоҳ. Танҳо ҳамин соҳилаш метобад, лек ҳеҷ шиновар соҳили дигари онро наёбад.
Гўё Искандар чизе дарёфт мекард аз гуфтаҳойи сипаҳсолор, аммо мағзи онро дарк намекард, ки чаро чунин гўяд. Тарс дорад ё ягон чизи дигар пеш омада.
— Ташаккур, сипаҳсолори бовафо, ки маро ҳам огоҳ бикунӣ ва ҳам биомўзӣ. Хуб аст чунин чизҳоро донистан. Ва бигўй, ки роҳи дуруст ва раҳойӣ кадом аст?
— Бераҳм будан... – андеша накарда ва дер боз андеша дошта, ки чунин гуфт: – Дарёфтам, ки Доро нерўйи зиёд дорад, вале раҳим аст. Аз ин ҷост бохти ў. Вале ин чизро дар симойи шоҳи мақдунӣ намебинам, ки беҳтарин сифати лашкаркаш ва далери пархошҷў бувад.
Гиреҳ зад миёни абрўвони Искандар, зеро ў намехост, ки бераҳму пархошгараш гўянд, балки ўро бояд одил, некў ва сулҳхоҳ ситойиш кунанд. Ба назари шоҳ сипаҳсолор хидмати хирсона кард:
ситойишкунон ба замин задаш.
— Ҳммм... хуб мушоҳида кардайӣ, сипаҳсолор... Ман бояд чун малик чӣ кор карданамро донам...
— Оре, шоҳ... – безобита шуд, ки шоҳ Искандар аз суханонаш озурдахотир гашт. Худро ноҷўру ногунҷон эҳсос кард. Вале Искандар сирр бой надод, балки ранҷишашро пинҳон дошта ва фурсат муносиб дониста ҷилави калом дигар сў тофт:
— Чунон ки гуфтам, дар ин фарохно шаҳр бибояд сохт...
— Донаме.. шаҳри Искандарӣ.
— Онаш кори ман нест, ки Искандарӣ ё Солорӣ, шумо бояд ном гузоред, пирони кор.

пешина
аз 390
навбатӣ