Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҷойи парешонӣ нест, шоҳ, Никонор дар баҳри Бузург низ комрон шуда. Аз сарбозони кирояйи мақдуниву юнонӣ хавф набояд бурд. Устухон бўй дорад, хоҳ-нохоҳ ёди ватан кунанд. Онҳо баройи зарри порсӣ ҷанганд, на баройи империяйи бузурги Порс.
Ва агар мо зарри Порсро ба даст орем ва ба эшон каме зиёд дастранҷу поранҷашонро ваъда кунем, ҳамон замон ба ҷониби мо хоҳанд гашт. Аз ин рў ба умеди пархошгари кироя набояд шуд.
Зар ватан надорад, соҳиб низ. Сарбози кироя фоҳишаро монад.
Имрўз ҳамроҳи ту ҷангад, фардо муқобили ту.
Искандар ҳайрон буду хомўш ва сухани сипаҳсолорро намебурид, вале ба назари ў чунин намуд, ки шоҳ каломашро гўш надорад, гирифтори сафи киштиҳойи ҷанговар аст ва пиндорад, ки Пармониён баройи писаронаш хушомад занад ва таъкид кунад, ки Искандар бояд такя ба эшон дошта бошад.
Амирулбаҳр Никонори писари Пармониёни сипаҳсолор лангар андохт андар рў ба рўйи қурбонгоҳи рамзийи мақдуниён. Баробари пайи ҳам саф оростану лангар андохтани киштиҳо аз шоҳ то хидматгузорон, ҳама ба по хеста, раддаву қатор шуда, лангар андохтани сафинаҳоро тамошо карданд ва шодон буданд, ки пирўз омаданд. Пармониён гўшайи чашм меандохт ба Искандар, то чӣ гуна бошад назараш; зеро омўхта буд дигаргун шуданҳойи қиёфайи ўро; агар коре, ҳунаре, амале, сухане хуш ояд ва ё арғушти гетере писанд ояд, мешукуфт шоҳи ҷавон ва баракс хушу мувофиқ наояд, дар они воҳид рўҳияаш дигаргун мешуд чу абри ногаҳонӣ, ки рўйи хуршеди тобонро гирад. Ба мушоҳидайи Пармониён шоҳ Искандар шукуфта буд, ки дар баҳру бар ҳукмрон гашта. Каф месойид хушнудона ва аз киштиҳо фурўд омадани маллоҳону нохудоёну амирулбаҳрро мушоҳида мекард. Саф оростанд. Пасон садойи табл баланд шуд ва Никонор фарозро боло шуда, то назди шоҳ баромад ва рў ба рў истода баёнот кард:
«Маликуррумро равшан бод! Ҳар супоришу дархосте, ки ба фавҷи баҳрнавард буд, сад дар сад сомон ёфт. Дастаҳойи баҳргарди порсӣ андар баҳри Эгей ва баҳри Бузург торумор гаштанд!
Амирулбаҳри Порс Фарнабоз ба даст афтод... Афсўс, ки гоҳи ба асорат фиристодан сўйи шумо, аз ҳатўлийи посбонҳо истифода бурда, дар роҳ ғайб зад... Ҳоло киштиҳойи ҷангийи мо дар ҳама баҳрҳо ҷавлон зананд. Ба бахти шоҳи ҷавон сипоҳи баҳрнаварди ў дар ҳама ҷо пирўз омад!...»
— Пирўзӣ муборак бод! – баёноти амирулбаҳр Никонорро мақбул дониста якбора пайк боло кард. Як ҷуръа ба хок рехт:
«ба ёди фавтидагон» ва фармуд ба ҳамайи онҳо, ки аз киштиҳо бурун омаданд, бода бирезанд. Як лаҳза ғалмағал шуд. Ба ҷойи садойи табли ҷангӣ овойи асбоби мусиқӣ боло шуд, ба базм мехонд ҳамаро. Вале овози Искандар пахш кард оҳангро:
— Баройи империяйи бузурги Мақдуниёву Юнон!

пешина
аз 390
навбатӣ