Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Сипаҳсолор посух надод. Магар аз гуфтугуйи пирзан дилгир шуда буд, ки каф кўфт. Сарбозон ба дари пардасаро ҳозир шуданд.
— Ин пирзан озодӣ мехоҳад, раҳояш бикунед! – фармуд кинояомез сипаҳсолор.
Бардоштанд пирзанро сарбозон. Ҳарчанд ў аз рўйи тавон дасту по мезад ба замин гузорандаш, вале сарбозон сари даст бурдандаш.
Барзинро сахт расид чунин аҳвол ва нафаҳмид, ки «озодӣ» гуфта чиро дар назар доштанд. Ва рў овард ба дари саро, то аз дунболи модар барояд. Сипаҳсолор боздошташ. Барзин гом боздошт ва теғ кашида сўйи сипаҳсолор нигарист, бозу аз дасти ў кашид.
«— Барбарҳо!» – дандон ба дандон фишурда гуфт сипаҳсолор.
Барзин низ дандон фишурда буд, аммо чизе гуфта натавонист. Зеро модараш забони ўро лакнатдор эълон кард ва ҳоло ў маҳмаддонойӣ кунад, модарашро шармсор гардонад. Агар дам ба дарун гирифта, посух надиҳад, нанг дар дилаш реша гирад.
«Барбарҳойи юнониву мақдунӣ аз барбарҳойи порсӣ чӣ фарқе доранд?» сари забонаш давр мегашт ин пурс, боз худдорӣ мекард ба ҳазор андеша.
Сипаҳсолор, ки ҳанўз бозуйи бону сар надода буд, низ хомўш монд. Барзин сабаби хомўшийи ўро намедонист; хаёл дошт, ки аз пардасаро берун кардан ва ё сахт нигоҳ доштани ўро фикр кунад.
Барзин сар андохта буд ва бисоту ҷиҳози саропардайи сафариро аз назар мегузаронд. Дилкаш ва гуворо набуд хаймайи амонатийи ў. Ҳар сў хўрҷину халтаҳойи дўхтадаҳон буданд ва чизҳойи дигар, ки аз корвон ғанимат омада буд. Ва ў медонист, дар кадоме чӣ ҳаст. Абрў чин кард ва чашмон танг, ки гўйӣ балойи рўйи замин дар ҳамин хўрҷину халтаҳо ҷой гирифта бошад ва баройи аз он ҷо бурун омадан шайтонҳойи зиёдро пайваста аз пайи хеш орад.
«Бало занад» оҳиста гуфт ва як қад парид, ки сипаҳсолор шунид садояшро ва дуздида ба ў нигарист, ки сар андохта ба андеша рафта буд. Вале табассум кард ва нигарист ба бону. Бону нигоҳашро гурезонд ва акнун ҳушаш ба сар омада дарёфт, ки ба ҳеҷ ҳилаву
1 найранг аз дасти ин «барбар»-ҳо раҳойӣ нест... Сари синааш дамид ва азм дошт, ки гуфта мурад. Сабаби ба ин сарзамини пок омадани онҳоро гуфта сабук шуда, аз худу аз рўҳи гузаштагон розӣ мурад. Куштану сўхтану бурдан ва ваҳшиёна рафтор карданашон, баройи як тангайи шоҳӣ чашми ҳамдигарро кўр карданашон ва бисёр пастиҳойи дигарро гўяд, баъд худро фалах кашад; аз дасти онон намирад, балки ору номус гуфта мурад...
- Номи ба порсҳо додаашонро ба худашон бахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор