Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ба худ омад, пардадор бихост. Пардадор сар аз парда дарун кард.
— Корвон омад? – пурсид ў.
— Оре, шоҳ! Сипаҳсолор низ омада!
— Бифармо!
Пармониён саропарда бардошта ва сар андохта ворид гашт ва шоҳро рўйи бистар дида ҳайрон монд. Ў, ки хандон даромада буд, чунин кирдор дида табассум дар хами лабонаш шикаст ва дигаргуна вонамуд кард:
— Тану ҷонатон ҷўр аст, шоҳ?
— Соз!
— Пирўзӣ муборак!
Искандар чун дид, ки сипаҳсолор гирифту андеша дорад, хандид:
— Кадом пирўзӣ?
— Пирўзӣ андар Финиқия... Инчунин боздошти корвон.
— Корвон боздоштан ба сипаҳсолори шуҷоъ муборак бошад!
— Шодбош мегўям шоҳро! – сухани хуши ўро фоли нек донист сипаҳсолор ва далер шуд: – Корвони бахт, шоҳ. Корвоне, ки шоҳ орзу доштанд. Вале ҳанўз надидаам, ки андар баставу каҷоваҳо ва сандуқҳо чӣ ҳаст... Гумон мекунам, аз пиндори шоҳ афзунтар...
Ва бояд ба шоҳ бигўям, ки як нори сапед ҷуфтак заду гурехт. Бар асараш саворон фиристодам, барнагаштанд... Хубтар аз ҳама он аст, ки аҳлу аёли аъёну акобир буда бо корвон, зану фарзандони сипаҳсолори Порс Ортабоз низ...
Сипаҳсолор гуфту хомўш монд, зеро Искандар хомўш буд ва Пармониён надонист, ки ў сахт сухани ўро гўш дорад ё рамуз гирад.
Искандар нимхез шуду нишаст бар бистар ва баройи он ки ягон кирдори ноҷо накунад, рўпўшро бар ду паҳлўяш пахш кард ва пурсид:
— Аҳлу аёли Ортабоз ё Доро?
— Ортабоз!... Аҳлу аёли Дороро дар Басра пайдо карда будем.
— Гулгуни духтари Доро, ки дар ботлохи бало рафта буд, пайдо нест?
— Пайдо нест... – кўтоҳ посух дод сипаҳсолор ва Искандар чизеро пай бурд, ба назар зери лабаш суст буд.
— Боз чӣ?
— Боз?
Сипаҳсолор саволи ўро такрор кард ва дарёфт, ки Искандар қонеъ нест ва чизе хоҳад аз ў. Ҳушу ёдаш ба Барзин буд, аммо намехост номаш ба забон гирад.
— ...Боз дар борайи ҷосусе, ки гуфтам.

пешина
аз 390
навбатӣ