Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҳарчанд дар гетӣ ҷойи оромӣ нест, бояд гўшаяке пайдо бикунам...»
Баъди ба Эвмен супурдани зарру хоста сипаҳсолор Пармониён дарёфт, ки бо ду гўш мондаву сару либоси низомиёна. Замони супурдани баставу сандуқу каҷоваҳо чунон ҳолат дошт, ки лахте аз дилашро меканаду медиҳад. Дардро эҳсос мекунад. Чашмони кинавараш танг омаданд: «Гургбачча миёни рама бузург шавад ҳам, аз гулўйи гўсфанд гирад» аз таҷриба хулоса кард сипаҳсолор ва сўйи пардасаройи шоҳ нигарист, ки ҳама ғаниматро он ҷо мебурданд. Ва Эвмени аз назари сипаҳсолор сахт маккор, ки даҳяки доройӣ ба Мақдуниё фиристад ё на, дами пардасаро истода дахл ҳисоб дорад.
Ва Искандари доно бурун омад аз пардасаро. Доноийи ў аз он буд, ки ба хоки ҳар кишвар ранг мегардонд ба сони бўқаламун; бо моҳ моҳ ва бо дег табоҳ мегашт. Замоне, ки бурун омад аз саропарда, каси нодида гумон намекард, ки ў Искандар аст. Эвмен дониста аз рўйи одоб ва эҳтиром ду-се гом пас рафт ва раҳ дод ўро. Искандар миёни хаймаҳойи кўчнишинон мегашт гўйӣ ба чизе парво надошта. Танҳо буд. Аз аҳли корвон, ки дар ғами ҷони хеш буданд, касе ўро эътиборе намедод. Ва ҳамин, ки ёрон ва ҷондорон шоҳи порсипўшро дойира гирифтанд, дида бар ў дўхтанд ҳамагон. Аз ҷумла Барзин. Барзини нозанин аз гардуна нафаромада, ҳамроҳи модараш гушнаву ташна буд.
Зуъм дошт, ғамӣ буд ва касеро чашми дидан надошт. Чун ҷавони ялҷуссайи ҷомайи зарнигор пўшидаро дид, ҳушаш бар ў шуд. Ҷавон бо рафтор, тамкин ва сарупойи хеш ба касе монанд набуд. Аз пешонӣ ба пас як тасма латтайи зарди монанд ба ранги дирафши мамлакатро баста буд, ки гунайи ўро равшан мекард. Ва ҳайрон шуд Барзин, ки чаро сару тани шоҳонайи ў нокомил. Тоҷ надорад.
Аммо ба чашми Барзин аз чеҳрайи ў фарру шукўҳ бархўрд, вале надонист, ки пиндораш пеши чашм омад.
Онсўтар сипаҳсолор осўхтайи сиёҳ гашта буд. Нигоҳаш ва гўшайи чашмаш Искандарро гусел мекард, то куҷо равад. Сипаҳсолор сахт намехост, ки шоҳ сўйи гардунаҳо гардад ва аз будани Барзин огоҳӣ ёбад. Зеро ў аз дастгир шудани зану фарзандони асилзодагон пайк расонд, аммо аз нозанинийи Барзин чизе нагуфт.
«Чаро ў ба Димишқ нарафта, дар биёбон хайма зада?» – оҳиста гуфт Барзин, ҳамон хел, ки дил гўяд, аммо ба гўши модар расид, баргашта нигарист ба духтар. Тани Барзин гарм шуд, сим-сим хай кард ва чизе ширин аз синааш фурў рехт. Ба гумонаш чизе пеши пояш афтод. Чашм аз шоҳи мутакаббир канд, ба мафраш бидўхт. Пиндошт, ки модараш низ огоҳ гашт, дуздида сўяш овард дида. Вале модар бепарво буд ва ноогоҳ. Кайҳо аз ў чашм канда, гашти шоҳ Искандарро тамошо мекард. Ҳайрон монд Барзин, ки чӣ афтида пеши пояш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор