Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«Об!» хирроси гулўяш чунин мегуфт, бону дарк намекард. Ва бону дар ҳолате буд, ки на танҳо ишораву садоҳойи бардаро маънӣ намекашид, киву чӣ будани хешро намедонист.
Ба назари ғулом ҳама ҷо оташ гирифта буд; саҳро месўхт. Ва ў миёни оташ афтода буд чун мор ва кир-кир мекард. Миёни оташ ба назари ў мерасад, то обе бояд, фурў нишонад оташро. Ҳайҳот!
Бону ташна монда буд.
Ғулом наъра мекашид. Гумонаш оташ аз даҳонаш фағона мезад. Азизтарин касаш тамошо дорад, кўмак намекунад. Ё ёро надорад ва ё ёрӣ додан нахоҳад. Ҷонканийи ғуломи бадкирдорро дидан дорад.
Бадрия ҳар бор, ки ин сў ё он сў ғел гардад, чашмаш ба бону афтад. Пеши чашмаш бону дигаргун тобад. Пажмурад ў чун сабзаву гулҳойи атрофаш. Ба назараш ҳама ҷо оташ гирифта. Бону низ. Ва баъд аз миёни оташ раҳиду дев гашт. Дамид нафас. Оташин буд нафасаш. Рост омад ба ғулом ва сўзондаш.
Бадрия фасли хазонро дид андар баҳор.
Забони гирдазадаашро баровард ғулом, то бону дарёбад, ки аз ташнагист азобаш. Бону дарёфт нияти ўро. Зеро худ низ тарсида буду забон ба ком часпида. Низ об мехост. Вале наме набуд дар биёбон, ҳатто нами сабзаҳо парида...
Ва бону бидид чӣ гуна думи мор пинҳон гашт миёни сабзаҳо.
Дарёфт азоби ғуломро ва бо меҳр нигашт сўйи ў. Даст бурд ба даҳон, то фарёд назанад, зеро фарёду фиғони барда бас буд биёбонро. Пас-пас мерафт аз тарсу ҳарос, то бигрезад аз ғуломи заҳрогин.
Аз мори пурзаҳр бигрезад ва расад ба ободиҳо. Ба ҷуз андешаву тарс дар вуҷудаш чизе набуд... Баъд суоле аз мағзаш гузашт, ки гуноҳаш чист? Гўё гуноҳе надошт. Ихтиёран ба ин ҷо наомада, балки ўро оварданд ба баҳонайи ҷанг, ўро оварданд ба умеди оламгирӣ, малика шудан... ва ҳама чизро гум кард, ҳатто ғуломи мазангро, ки баъзан дилаш мекашиду баъзан на. Шаҳваташ зўрӣ кунад, ғуломи сиёҳ сапед метофт, нафраташ ояд, сиёҳтар аз мор буд. Ҳолиё ҳамин ҳам меравад аз даст...
Пасон ёдаш омад Барзин. Барзини нозанин, ки гўйӣ дар қаламрави Порсу Юнон зеботар аз ў зане нест. Ва агар Искандар расида бошад ва ўро дурусттар дида бошад, нагузорадаш ба дасти дигаре.
Пас-пас мерафт сангпуштона, ки ба пояш даҳ ман санг баста бошанд. Гарон, лаванд ва рўдапо. Ва агар сўяш он мори сиёҳ ҳуҷумовар гардад, ба як ҳамла дорадаш. Бибояд рў ба пас овард ва бигрехт. Аммо рў тофта натавонад. Ё дами мор зада ва ё ғулом иҷозат надиҳад. Бону қарздор аст аз ў. Набояд дар чунин ҳол бигзораду бигрезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор