Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва андар маснади шоҳӣ шоҳ Искандари Мақдунӣ менишаст. Баробари пеш омадани Барзин ва садо додани мусиқийи базмӣ шоҳ бархост, дигарон низ барпо шуданд. Малика Барзин баробари ба давра рост омадан ва ба по шудани шоҳу дигарон сари суҷуд кард ва рўй ба шоҳ оварда, чашм бар замин дошта, даст андар сари сина се бор сар андохт. Шоҳ Искандарро хуш омад, вале надонист, ки ин расми порсӣ ва ё юнонист? Бо даст ишора кард шоҳ паҳлўйи хешро ва ходимаҳо маликаро бурданд, паҳлўйи шоҳ нишонданд ва чунон ки омада буданд, пас-пас рафтанд... Каф кўфтанд росто.
Барзини нишаста бархост ҳамроҳи шоҳ. Ёрони Искандар пеш омаданд ва зар афшонданд, барчош карданд. Шоҳ ба Барзин нигарист ва Барзин ба шоҳ...
...ва базм оғоз шуд бесухан. Гўйӣ чунин фармуда буд шоҳ. Қадаҳу паймонаҳо, соғару сабў садо дардоданд ва гетерҳойи нозанин ба рақс даромаданд...
...вале касе дар борайи заношўийи шоҳу Барзин ҳарфе нагуфт.
Барзин аз ин хусус андеша дошт, намеёрист чизе бигўяд.
— Баройи шоҳ! – пайк боло кард шоҳзодайи мисрӣ ва ҳама рў ба ў оварданд. Идома дод: – Баройи шоҳе, ки одамияташ аз лашкаркашиаш ва кишваркушойиаш авлотар аст! Баройи Искандари Мақдунӣ – файласуфи бузург – шогирди Аристотолиси бузург!
Баройи маликайи хубон, ки дар рўзгору майдондориҳо ҳамроҳи шоҳи бузург бошад!
Садоҳо баланд шуданд, ки хоҳиши дили эшонро гуфта бошад шоҳзодайи мисрӣ. Вале миёни абрўвони Барзин чин омад, ки чаро заношўийи эшонро эълон накарда ва мўҳри шоҳӣ пахш накарда онҳоро заношў донистанд? Бо чунин андеша нигарист ба Искандар ва ў табассум кард. Барзин нафаҳмид, ки макр аст ё муҳаббат. «Баройи малика!» оҳиста гуфт Искандар ва Барзин беихтиёр посух дод: «Баройи шоҳ Искандар!» Дар лабони ў низ табассум дамид. Шодон вонамуд мекард хешро, ки ҳамсари чунин марди далер гашта ва ҳамнафаси шоҳи ҷавонбахт.
Ҷом ба сар кашид Искандар. Барзин ба лаб бурду бозпас гузошт ва шоҳ бо гўшайи чашм дид, ки арўс нахўрд майро. Дар шигифт шуд Искандар, ки аз хушодобиаш аст ё ҳазар кард.
Ба базм рў овард Барзин. Гўё теғи чашм кардани Искандарро надид ва чӣ андеша аз дили ў гузашт надонист.
— Майл надоранд ё одат накарда? – ҳамчунон рў ба мардум пурсид аз Барзин. Ў низ чашм аз тамошойи базмиён наканда посух дод:
— Ман, ки ҳоло малика наям, шоҳ... – Расмияте баҷо наомада.
— Чӣ гуна расмият?

пешина
аз 390
навбатӣ