Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва Барзин натавонист посух диҳад; чун аз паси бурдани модар беихтиёр нимхез шуда буд, фурў нишаст.. Гўйӣ аз сараш як сатил оби сард рехтанд ва ҷамъияти авбошон тофт дар назараш ин базм. Меҳраш коста гардид нисбати шоҳ ва афсўс хўрд, ки ўро гуфта модарро дар биёбон танҳо гузошта омад. Дуояш хоҳад гирифт ўро.
— Осуда бош, – сўйи Барзин гардан каҷ карда гуфт Искандар.
— Чун осуда бошам, ки модарамро бурданд?
— Костагӣ аз худат гузашта, – дурўғин буд ҳарфаш, то бинад чӣ дигаргуние пайдо шавад дар бону.
— Оре, аз худам. Набояд ўро дар биёбон танҳо мегузоштам...
— Ва чӣ маҷбур кард?
— Васвосӣ?
— Васвосӣ? Чӣ гуна васвосӣ?
— Пиндоштам шоҳро дар роҳ дарёбам ва суханамро гўям.
— Чӣ сухане буд?
Бону сар андохт ва натавонист посух бидиҳад. Дерёз хомўш монд, то даме ки торикӣ фаромад ва шамъу машъалҳо афрўхтанд.
Дараке набуд аз модари ў ва бону чашм аз роҳи бурдайи онҳо намеканд.
— Чӣ кунанд бо модари ман? – гумонаш овози ў набуд, балки садойи таркидани дилаш буд.
— Осуда бош, чизе накунанд бо модари ту. Ўро ба гармоба бурданд... ва биёранд.
— Ин қадар дер?
— Гарди сафар ба зудӣ тоза нагардад.
— Киноя макун, шоҳи ҷавонбахт, модари ман аз барбариҳо нест, дар биёбон ҳам хешро тоза нигоҳ дорад.
— Донам, ман инро аз ту хубтар донам...
— Аз куҷо?
— Ман нону намаки ўро хўрдаам. Он вақт модарат чу ту ҷавон ва зебо буд.
Оҳиста қомат афрохт Барзин ва ҳамаро фаромўш кард ва сар бар сари синайи шоҳ бурд. Искандар ҳалқа гирифт сари ўро ва нозук пахш кард. Барзин меҳрубониеро эҳсос кард...
Ва ҳамин лаҳза оварданд Катоюнро. Пештар оварданд ва рў ба рўйи шоҳу малика нишонданд. Барзин осуда нафас гирифт рў ба осмон оварда ва саморо ситорабор дид. Фараҳ омад ба дилаш ва равшан гашт замираш. Пас рў овард ба модар ва сар андохт.
Модар низ. Андешаҳойи якдигарро хонданд.
— Ҳозирини мўҳтарам! – садойи Биталомус боло шуд ва шоҳ сўйи ў рў овард, ки шоҳзодайи мисрӣ аз рўзномааш саҳифае мехонад: – Дўстон, дар базми мо зане пайдо шуд, ки чанд сол муқаддам шоҳзодайи мақдунӣ Искандари навҷавонро ҳаққи намак карда буд ва чун модар сарашро сила.
Шодбош мегўем модарро! Қадамаш хуҷиста бод!
Каф кўфтанд ва садоҳойи шодбош баланд гардид. Барзин болиду рўҳ гирифт ва худ ба худ андешид, ки шарт набошад ўро ба никоҳи қонунӣ даровардан. Дилу нияти шоҳ пок бошад.
Искандари доно кафкўбон баланд шуд ва дастафшон фармуд:
— Ту одами оддӣ ва нависандайи андак найӣ, Питолома! Зинда бош! Ман донам, ки китоби ту пас аз ҳама навишта хоҳад шуд ва хубтарину беҳтарин хоҳад буд. Зеро чун ту касе андешаҳойи ботинӣ ва ниҳонийи Искандарро хонда ва тафсир карда натавонад.
Ва ҷуз шоҳзодайи мисрӣ касе надонад, ки ман аз дасти он зан нону намак хўрдаам! Зинда бод модар! Поянда бод зан!
Ва ҳама: чӣ ҳушёру чӣ маст нигаристанд сўйи модари Барзин ва каф кўфтанд ба шоҳ.
Биталомус сухане ба гуфтаҳойи шоҳ Искандар зам накарда, сари суҷуд андохта буд. Чунин ҳолати ўро дида ҳозирин баробар «Зинда бод Питоломей!» гуфтанд ва ў табассумкунон сар бардошт ва соғари моломол аз дасти писари Ланика Протей гирифта ба сар кашид. Чун холӣ шуд, паси сар андохт.
Садойи мусиқӣ баланд шуд. Гўйӣ ҳолиё базм оғоз ёфт. Гетерҳойи нозанин ҳама ёрони Искандарро ба рақс хоҳанд. Дар зери нури шамъу машъалаҳо сояҳо ҳамдигарро мебуриданд. Тойиси хубчеҳр ҳар бори гирд гаштан дида ба шоҳ медўхт ва намедонист чун ба рақс бихонадаш. Ў гумон надошт, ки шоҳ Искандар танҳо то Димишк Тойисро ёри худ медонад ва дар ин шаҳри номдор базми арўсийи зани тасодуфиро барпо мекунад. Ҳанўз чизе равшан набошад, ақди никоҳ нашуда ва надонад, ки шоҳ ўро ба орият гирад ва ё рафиқи ҳаётӣ. Ва чашм аз ҳардуйи онҳо наканданаш низ аз ин рўст.
Биталомус шод аст, ки шоҳ Барзинро зан кунад ва Тойис баройи ў монад.
Сипаҳсолор Пармониён ғазаб дорад, ки Барзинро ў дастгир кард ва шоҳ зан хонадаш.
Дигарон бепарво бодахорӣ кунанд ва парвое надоранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор