Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

5 — Садди мазкур на танҳо аз сангу оҷур буда, балки оҳану фўлод низ дар он ба кор рафтааст ва чунон азим ва садид буд, ки аз ҳуҷуми ғораткунандагон ҷилавгирийи комил менамуд.
6 — Подшоҳи одил ва раиятнавоз буда ва аз хунрезӣ ҷилавгирӣ карда ва қавми мағлубро озор ва қатли ом наменамудааст. Вақте ки ба қавми Мағриб истило пайдо кард, мағлубин гумон карданд, ки мисли сойири фотеҳ мавриди шиканҷа ва бедод қарор хоҳанд гирифт Аммо подшоҳ чунин накард ва гуфт, ки накўкорон ва риҷоли қавм (мардон, бузургон) аз осеб маҳфуз хоҳанд буд ва ў кўшиш хоҳад кард, ки ба доду диҳиш қулуби ононро тасхир кунад.
7 — Ба мол ва андўхтайи дунёйӣ ниёз надорад ва ҳарис нест ва ҳатто мағлубин хостанд баройи бинойи садд пуле фароҳам ва ҷамъ кунанд, аз гирифтани он пул ибо кард ва гуфт: «Худованд маро аз мол ва андўхтайи шумо бениёз сохтааст, фақат ба нерўйи бозуйи хеш маро ҳамроҳӣ кунед, то садди оҳанин дар баробари
1 душман бино кунем».
Шояд то андозае рўшан гашта бошад, ки Зулқарнайн кист. Агар на, баъдтар дар боби Зулқарнайн кист? афсонаеро хоҳем овард.
Вале ҳоло хоҳем гуфт: аввалан Искандари Мақдунӣ Худованд нагуфтӣ, балки бисёрхудойиро пазируфтӣ – Зевси барроқ ва Аммони мисриро худо донистӣ ва хешро писари худойи Аммон хондӣ. Вале Зулқарнайн дар матни боло «Худованд маро аз мол ва андўхтайи шумо бениёз сохтааст» мегўяд. Ва нашуда, ки Искандар аз молу андўхта рў тофта бошад. Ў, ки воми зиёд дошт ва дар хазинааш ҷанг мехест, баробари куштану сўхтан ҳама зарри Порсро ба Мақдуниё корвон мебаст. Аз рўйи сифату ҳиммат, волоназариву ҷавонмардӣ бармеояд, ки Зулқарнайн Куруш бувад, на Искандари Мақдунӣ. Ба қавли Имом Фахриддини Розӣ «Искандари Мақдунӣ дар тамоми умри худ садде, ки шўҳрат ёбад, бино накарда ва бо
2 мағлуб низ меҳрубон ва додгар набудааст».
Бино ба зикри тафсиргари «Қуръон»-и маҷид Абдулкаломи Озод дар «Аҳди атиқ» фасле ҳаст, ки ба Дониёл пайғамбар нисбат дода шуда ва онро «Сифри Дониёл» меноманд, дар ин ҷузва баъзе аз корҳойи Дониёл зикр шуда... Дар боби ҳаштуми ин китоб гўяд: «Дар соли саввум аз ҷулусайи подшоҳ Байлишфар, ман дар шаҳри Сусҳиро аз навоҳийи Илом дар канори рўди Авлоъӣ будам.
Баройи бори дуввум рўъёе ба назари ман расид. Дар ин рўъё дидам, ки қўче дар канори рўд истода ва ду шохи баланд дорад, ин ду шох яке ба тарафи пушти ў хам шуда буд, қўч ба ду шохи худ Ғарб ва Шарқ ва Ҷанубро шахм (ишора) мекард ва меканд. Ҳеҷ ҳайвоне набуд, ки дар баробари ў истодагӣ кунад. Бинобар он ҳар чи мехост, мекард. Дар ҳамин ҳол, ки ман дар фикри анҷоми кори ин қўч будам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки як бузи кўҳӣ аз тарафи Мағриб дар ҳоле ки заминро бо шохи худ меканд, пеш омад.

пешина
аз 390
навбатӣ