Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт

Ин маҷмуа гулчинест аз ҳикоёти китоби «Ҳазору як шаб», ки маъхази он «Ҳазор афсона»-и қадими халқҳои эронинажод маҳсуб мешавад. Нашри мазкур дар асоси муқобалаи нусхаҳои сангӣ ва чопи «Офтоб», Теҳрон (1925) баргардон, тасҳеҳ ва ба нашр омода карда шуд.
Умедворем, ки писанди хотири дӯстдорони каломи бадеъ мегардад.

АНӮШЕРВОН ВА ДУХТАРИ ДЕҲОТӢ

Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки малики одил Нӯшервон аз барои нахчир1 савор шуд ва дар пайи оҳу аз лашкар ҷудо монд. Дар он ҳангом, ки ӯ аз пайи нахчир ҳамерафт, деҳкадае падидор шуд ва ӯро ташнагӣ ғолиб буд. Рӯй бад-он деҳкада кард, ба дари хонае истод ва аз хонагиён об бихост. Дарҳол духтараке бадар омад. Чун ӯро бидид, ба хона боз гашт ва аз барои малик як найшакар бифишурду ӯро ба об биёмехт ва ба қадаҳе гузошта, чизе муаттари шабеҳи хок ба миёни қадаҳ бирехт. Пас аз он қадаҳро ба малик бидод. Малик ба қадаҳ назора карда, дар ӯ чизе дид, ки шабеҳи хок аст. Пас малик аз он об кам-кам бихӯрд, то оби қадаҳ тамомом шуд. Пас аз он бо духтарак гуфт:
– Хуб гуворо буд, агар ин хок намедошт. Аз ин ки ин хок ӯро нософ карда буд.

Духтарак гуфт:
– Эй меҳмони азиз, ман ба амд2 ӯро нософ кардам.

Малик гуфт:
– Аз баҳри чӣ ин кор кардӣ?

Духтарак гуфт:
– Ман дидам, ки ташнагӣ бар ту чира гашта, агар ин шабеҳи хок дар ӯ набудӣ, ту ӯро ба як дафъа менӯшидӣ ва туро зарар мерасонид.

Малики одил Нӯшервон аз сухани он духтарак ва бисёрии ақлу ҷавдати3 зеҳни ӯ ҳира монду ба ӯ гуфт:
– Ин шакар аз чанд най фишурдӣ?

Духтарак гуфт:
– Ин ҳама аз як най фишурдам.

Анӯшервонро аҷаб омад ва сурати хироҷи он деҳкада бихост. Хироҷи он деҳкадаро андаке ёфт. Дар

1 Нахчир – шикор.
2 Амд – қасдан.
3 Ҷавдат – фазилат, бартарӣ.

аз 92
навбатӣ