Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

нишаст ва шоҳин дар даст дошт. Пас шоҳин фарёде баркашида бимурд. Малик пушаймону маҳзун шуд.

ВАЗИР ВА ПИСАРИ ПОДШОҲ

Шунидаам, ки малике аз мулук писаре дошт. Писар хост, ки ба нахчир шавад. Малик вазирро бо ӯ бифиристод. Эшон шикор ҳамекарданд, то ин ки ба ғизоле бирасиданд. Вазир гуфт:
– Ин ғизолро бигир!

Маликзода асб битохт, ӯву ғизол аз дидаи сипоҳиён нопадид шуданд. Маликзода дар биёбон ба ҳайрат андар буд, намедонист куҷо равад. Он гоҳ духтаре бидид гирён. Бо ӯ гуфт:
– Кистӣ ва аз баҳри чӣ гирёнӣ?

Духтар гуфт:
– Ман духтари малики Ҳинд будам. Савор гашта ба нахчир шудам [ва] маро хоб даррабуд. Аз асб ба зер афтодаму роҳ ба ҷойе надонистам.

Маликзода бад-ӯ раҳмат овард ва ӯро бардошта, ба хонаи зин гузошту ҳамерафт, то ба ҷазирае бирасид. Духтар аз маликзода дархост кард, ки ӯро аз зин фуруд оварад. Чун фуруд овард, дид, ки ғӯле1 аст бадшаклу маҳиб2 ва фарзандони худро пеши худ мехонаду мегӯяд, ки: Одаме фарбеҳ аз баҳри хӯрдан овардаам. Маликзода чун ин бишнид, дил ба марг ниҳод ва аз бими ҷон бар худ биларзид. Ғӯл гуфт:
– Чаро тарсонӣ, охир, на ту маликзодай? Чаро ба моли падар аз чанги душман бадар намеравӣ?

Маликзода гуфт:
– Душмани ман аз ман ҷон ҳамехоҳад, на зар!

Ғӯл гуфт:
– Чаро паноҳ аз Худо намехоҳӣ?

Маликзода сар ба осмон карда гуфт:

1 Ғӯл – махлуқи афсонавии зишту азимҷусса.
2 Маҳиб – боҳайбат.

пешина
аз 92
навбатӣ