Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ФарҳангАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

Умар гуфт:
– Ба Худо савганд, ки агар он ҷавон таъхир кунад аз муқтазои шариати ислом дар ҳаққи Абузар ҳукм хоҳам кард!

Пас ҳозиринро аз барои Абузар ашк аз дида равон шуд ва нозиронро овоз ба нола баланд гашту бузургони саҳоба аз он ҷавонон ба гирифтани дият¹ илтимос карданд. Эшон сухани кас напазируфтанд ва ба ҷуз қасос ба чизе дигар розӣ нашуданд. Дар он ҳангом мардумон ба Абузар афсус хӯрданд ва аз баҳри ӯ мегиристанд, ки ногоҳ он ҷавон даромад ва дар пеши Умар биистоду ба забони фасеҳ ӯро салом дод ва аз ҷабини ӯ арақ ҳамечакид. Пас ба Умар гуфт:
– Он кӯдакро ба холуи² ӯ супурдам ва макони молро ба эшон бинамудам ва дар ҳавои гарми зуҳр ба вафо кардани аҳд бишитофтам.

Мардум аз сидқу вафои ӯ ва омадани ӯ ба сӯйи марг шигифт монданд. Яке аз ҳозирон гуфт:
– Чӣ некӯаҳд писаре ва чӣ паймондурусте!
Он ҷавон гуфт:
– Оё надонистаед, ки чун марг даррасад, аз ӯ халос натавон шуд ва ман аҳди худро вафо кардам, то нагӯянд, ки вафо аз мардум тамом шуд.

Абузар гуфт:
– Ба Худо савганд, эй Умар, ин писарро зомин шудам дар ҳолате, ки ӯро намешинохтаму намедонистам, ки ӯ аз кадом қабила аст ва пеш аз ин ӯро надида будам. Валекин чун ӯ аз ҳозирон эътироз кард ва рӯ ба ман оварда гуфт: «Ин зомини ман аст», ман написандидам, ки ӯро рад кунам ва мурувват нагузошт, ки ӯро ноумед гардонам, то нагӯянд, ки мурувват дар ҷаҳон мансух³ гашта.

¹ Дият – хунбаҳо, тавони хун.
² Холу – тағо.
³ Мансух – нест кардашуда.

пешина
аз 92
навбатӣ