Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Малик гуфтаи ӯро таҳсин карда чаҳор ҳазор дирами дигар ба ӯ ато кард ва мунодиро фармуд, ки дар мамлакат нидо диҳад ва бигӯяд, ки: Бояд ҳеҷ кас ба занон пайравӣ накунаду сухани эшон напазирад, ки ҳар кас эшонро пайравӣ кунад, ба як дирам ду дирам зиён хоҳад кард.
КАРАМИ ЯҲЁИ БАРМАКӢ
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Яҳё ибни Холиди Бармакӣ аз дорулхилофа бадар омада рӯ ба сӯйи хонаи худ гузошт ва ба дари хонаи худ марде дид. Чун бад-ӯ наздик шуд, он мард ба пой хосту ӯро салом дод ва ба ӯ гуфт:
– Ба ту муҳтоҷам ва Худоро ба сӯйи ту шафеъ овардаам, ки ба ман чизе диҳӣ.
Яҳё амр кард, дар хонаи худ маконе ҷудогона аз барои ӯ тартиб доданд. Хозини худро фармуд, ки ҳар рӯз аз барои ӯ ҳазор дирам диҳад ва аз баҳри ӯ аз таоми хоси худ муқаррар дошт. Он мард як моҳ бад-ин минвол ба сар бурд. Сӣ ҳазор дирам гирд оварда буд. Тарсид, ки Яҳё аз бисёрии дирамҳо пушаймон гашта, дирамҳо аз ӯ бигирад. Он гоҳ ба пинҳонӣ аз хонаи Яҳё берун рафт.
Яҳёро аз ҳодиса огоҳ карданд. Гуфт:
– Ба Худо савганд, ки агар тамомати умр назди ман ба сар мебурд, ман ҷоизаи худро аз ӯ намебуридам ва зиёфат аз ӯ барнамедоштам.
Бармакиёнро фазилат бешумор аст, хосса Яҳё ибни Холидро, ки ӯ ҳамаи мафохир1 ҷамъ оварда буд. Ва шоир дар ҳаққи ӯ гуфта:
Эй дудаи2 ту ҳама худовандон,
Ту бор худои дудаи хешӣ.
1 Мафохир – ифтиҳорот.
2 Дуда – хонавода, сулола.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё