Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

танатро фурӯ хоҳад гирифт. Он гоҳ ба хона бозгашта ба гармоба шав ва пас аз гармоба замоне бихоб, ки беҳбудӣ ёбӣ. Вассалом.

Дарҳол малики Юнон савор гашта, чавгон ба каф гирифт ва бар гӯй ҳамезад, то дасту танаш хай кард. Ҳакими Рӯён донист, ки дору бар тани ӯ нуфуз карда. Гуфт:
– Акнун ба хона бозгард ва ба гармоба шав!

Малик ба хона рафта ба гармоба шуд. Пас аз шустушӯй аз гармоба берун омада бихусбид. Чун аз хоб бархост, дид танаш аз нохушӣ пок гашта ба сими сафед ҳамемонад. Шодмону хурсанд гардид. Рӯзи дигар ҳаким ба боргоҳ шуд ва замин бибӯсиду ба тарафи бисот истода гуфт:
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод.
Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ҳодиса шахси ту дардманд мабод.

Ҳаким шеър ба анҷом расонид. Малик барпо хоста, ӯро дар оғӯш гирифт ва дар паҳлуи хештан бинишонд. Пас аз он хонҳои таом биниҳоданду хӯрдани бихӯрданд ва то пасин ба суҳбату мунодамат бинишастанд. Он гоҳ малик ду ҳазор динори зар ва ҳадяҳои гаронбаҳо ба ҳаким дод. Ҳаким ба хона бозгашт ва малик хурсанд нишаста, ба кирдори неки ҳаким сипос ҳамегуфт. Чун рӯзи дигар шуд, малик ба девон барнишаст ва ҳаким низ ба боргоҳ омада замин бибӯсид. Малик ӯро дар паҳлуи худ ҷой дод. Чун ҳаким хост бозгардад, малик ҳазор динори зар бо хилъатҳову ҳадяҳо бад-ӯ дод. Маликро кор бо ҳаким бад-ин ҷо расид. Ва аммо вазири малик марде бахилу бадхоҳ буд. Чун бахшишҳои малики Юнонро ба ҳакими Рӯён бидид, бад-ӯ рашк оварду бадхоҳии ӯ дар дил гирифт ва ба пешгоҳи малики Юнон рафта, замини ниёз бӯса доду гуфт:

пешина
аз 92
навбатӣ