Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа
– Нарас! Хатарнок аст! Магар ба ту нагуфтам, ки ба ман халал нарасон?! – асабонӣ шуда гуфт падарам.
– Хайр...инаш чӣ? – гуфта ба кафшер даст задам.
– Ту маълум, ки писари ман набудай! Ту агар писари ман мебудӣ, ба ман халал намерасондӣ!
Аз суханони падарам хеле нороҳат шуда, ба назди модарам рафтам. Модарам дар дегдон нон пухта истода буд.
– Очаҷон, магар ман писари падарам нестам? – пурсидам аз модарам.
Модарам дар ҳолати нонро дар дегдон часпонидан буд, ки ногаҳон нон аз дасташ афтода, асабонӣ шуда гуфт:
– Бале, ту писари ҳамон Сашкаи ҳамсояй! (Сашка ҳамсояи русамон буд).
Ман ба худ гуфтам: “Агар Сашка падари ман набошад, чӣ? Шояд онҳо маро фиреб дода истодаанд? Раваму як бор аз худи Сашка пурсам”.
Дари хонаи Сашкаро сахт-сахт кӯбидам.
– Ҳаа...чӣ гап аст? Чаро дари хонаи маро мекӯбӣ? – ҳайрон шуда пурсид Сашка.
– Бояд як чиро аз шумо пурсам, – бо табъи хира ба ӯ нигаристам.
– Гӯш мекунам!
– Ман писари Шумо ҳастам?
– Чӣ... Писари ман? Касе туро фиреб кардааст. Канӣ, рав, ба хонаатон! – Тавба!... Боз вай писари ман будааст! – хандида гуфт Сашка.
Ман омада дар пушти дарвозаамон бо чашмони гирён нишастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё