Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

АфсонаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

– Даҳ сомонӣ ман меёраму даҳ сомонии дигар ту.
– Майлаш, тез рафта биё!
Сомон ба сӯйи мағоза шитофт.
– Акаҷон, як дақиқа истед, пулатонро меорем, – ба суратгир гуфтам ман.
– Писарам, ман ташна мондам. Агар хонаатон наздик бошад, рафта як пиёла об биёр! – гуфт амаки суратгир.
– Наздик аст, ҳозир рафта меёрам, ба ҷое наравед.
Давон-давон ба хонаамон рафтам, дар як коса об овардам.
Суратгир обро нӯшида гуфт:
– Раҳмат бачам, Худо умратро мисли об дароз кунад, – гуфт ва илова кард: – Пул намегирам. Онро бахшидам. Суратҳоро гиру ба хонаатон бар. Аз ман ба шумо туҳфа, ҳар вақте ба сурат нигоҳ кардед, маро ба ёд оред.
– Чӣ хел, амакҷон? Ин хел намешавад!
– Мешавад... мешавад, бачам, – гуфт амаки суратгир.
– Раҳмати калон, амакҷон.
– Намеарзад, – гуфта суратгиракашро дар кифаш андохту рафт.
Баъд аз чанд дақиқа Сомон давида омад.
– Саид, ба ман пул надоданд, акнун чӣ кор мекунем? Амаки суратгир куҷо шуд?

пешина
аз 25
навбатӣ