Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

АфсонаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъдан ба ман нигоҳ карда гуфт:

– Ту чӣ тавр ба ин ҷо афтодӣ? Ягон чиз дар ёдат ҳаст?

– Ман... ман... – натавонистам ҳарфе бигӯям.

– Ором шав, худро ба даст гир. Ҳамааш хуб мешавад.

Ман каме ором шуда гуфтам:

– Дар хона аз телефон филми тасвирии шоҳдухтар Сафияро тамошо мекардам. Худам надониста мондам, ки чӣ тавр хобам бурдааст. Чун бедор шудам худро дар Дисней дидам. Ҳамааш ҳамин.

– Хубтараш ба назди Седрик мебаремаш, шояд ӯ коре карда тавонад, – гуфт Чеймс.

Мо ба суханони Чеймс розӣ шудем. Бо ҳам дастиҷамъона ба назди Седрик рафтем, аммо дар дари Седрик як қуфли калон овезон буд. Мо баъдан ба назди падару модари Сафия рафта аз онҳо пурсидем:

– Седрик дар куҷо аст?

– Мо Седрикро ба шаҳрашон равон кардем, баъди чанд рӯз бармегардад. – гуфт модари Сафия.

– Ин дӯсти мо аст, ӯ ватанашро гум кардааст, то хонаашонро ёфтан ӯ метавонад, ки дар назди мо бимонад? – ба сӯйи ман нигоҳ карда, ба волидонаш Сафия гуфт.

Падару модари Сафия розӣ шуданд.

– То Седрик омадан ту метавонӣ, ки дар назди мо бимонӣ. Мо ба ту ҷои хоб медиҳем. Аз ҳолат бохабар

пешина
аз 25
навбатӣ