Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

АфсонаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

– Як-ду-се-чор... Ин ҳам ба дардам нахӯрд. Хеста болиштамро гирифта, ба назди Сафия рафтам. Ӯ бедор буд ва китоб мехонд.

– Ман метавонам, дар бистари ту хоб равам?

– Чаро не, ҳатман биё, дунафара хоб меравем.

Ман дар бистари ӯ даромада хоб рафтам. Субҳ шуд. Падару модари Сафия хабари хуш оварданд. Онҳо гуфтанд ки Седрик омадааст. Мо ба назди Седрик рафтем ва тамоми воқеаро нақл кардем. Седрик каме кофтукоб кард ва ба мо ҷавобашро гуфт:

– Ман наметавонам коре кунам, аммо як чизе ҳаст. – Дар болои кӯҳи Дисней як гуле мебарояд, номашро намедонам, вале рангаш сурхча ва сиёҳ, қабат-қабат буда мисли гули бобуна аст. Гулро гирифта ба рӯят мемолӣ ва ба ҳолати табиӣ бармегардӣ.

Ман бо ҳамроҳи Сафия, Эмбер, Чеймс, Седрик ва Клейвер ба ҷустуҷӯйи кӯҳи Дисней баромадем. Мо бо ҳам дар аробачае, ки аспони болдор онро ҳаракат медоданд, нишастем. Мо кӯҳи Диснейро пайдо кардем. Гулро чинданаш мушкил буд, вале аз уҳдааш баромадем. Ман бо ҳамроҳи дӯстонам хайрухуш кардам, гулро ба рӯям молидам ва ниҳоят ман ба ҳолати табиӣ баргаштам. Аз хоб хеста, чашмонамро молида гуфтам:

– Модар!

пешина
аз 25
навбатӣ