Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Найзадор лоилоҷ аз дарвоза бадар рафт.
«Маҷлис ороед! Маҷлиси бода! Майгусорӣ кунед!!!»
Вале ба садои Искандар касе посух надод. Гўйӣ ҳама аз ў рўй тофта, ҷанозаи Никонори бовафоро ба хок бурда бошанд.
«Птолома! Протей! Ника…» садояш дар гулў бозмонд, ки беҳушона номи Никонорро гирифтанӣ шуд. Нигарон буд… Касе садо накард ва муддатҳо баъд як-як дўстон пайдо шуданд; ҳама сархам буданд; ҳама дар миён ханҷару шамшер доштанд, ки Искандар ба маҷлиси бода мусаллаҳ омаданро манъ карда буд. Шоҳ чун фармонфармо ишора ба толори ғизо кард, аммо касе майл ба он ҷониб надошт.
— Амр мекунам! Ҳама дар толори ғизо бошанд!
Дил намекашид, аммо пой мерафт. Майгусорӣ кард. Ҷомҳо пур шуданд. Вале ҳеҷ кас майли шароб надошт.
— Барои мақдуниён ва юнониён менўшем! – ҷом боло кард шоҳ, вале касе ўро пайрав нашуд. Донист, ки ҳилааш ба роҳ намеравад. Лошак сарони лашкар ва сарбозон ранҷида аз ў. Искандар як ҷуръа май ба замин рехт чун одат; ин чизро низ ҳеҷ яке аз дўстон пайравӣ накарданд. Ў донист, ки ҳама якқавлаанд … Ҷому шароб пушти сар андохт:
— Савганд мехўрам, то дигар бода нахўрам! – андаке таваққуф кард: оё баҷо савганд ёд кард ва хатое рафт. Пас барои ислоҳи сухани хеш афзуд: – Агар мақдуниён ва юнониён бо шоҳи хеш майли сафар надоранд ва ё ба хотири Мақдуниёву Юнон ҷангиданро ор медонанд, касе пеши роҳи ононро нахоҳад гирифт…
Шоҳи Мақдуниё аз чунин ҳамватанон рў тобад ва сипоҳи кироя гирад!
Миш-миш шуд миёни дўстон ва сарсипоҳон. Машъалҳо афрўхта шуданд. Толор рўзона равшан гашт ва Искандар дид, ки чӣ гуна дўстон бехгўшӣ кунанд ва қадаҳҳои худро дудаста доранд ва бархе бо каф даҳони ҷомро пўшанд.
— Барои шоҳи Мақдуниё!!!
Садои якҷоя боло буд ва баробари он ҷомҳо сари даст баланд гаштанд; ба сар кашиданд соғару ҷому паймона, аммо Искандар нанўшид; бода ба замин рехт.
Искандар рўболо ёзида, харпанҷа зери сар гузошта андеша
дошт, ки чӣ бикунад ба ҷойи пўзиши гуноҳҳои хеш, то сипоҳу
сипаҳбадон орому осуда гарданд ва аз нав ба шоҳи худ бовар
кунанд. Ва ба хулосае омад, ки бартар аз сохтмони шаҳри Искандарӣ андармоние набувад. Чунон ки бо меъмори беназири юнонӣ
Динократ ройсозӣ карда буданд, бояд ин шаҳр андар канори кўли
Мареотид, дар мавзеи моҳигирони шаҳраки Рокодис афсонавӣ ба чашм намоён шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо